35 years of independency
ТОЛЕЪНОМА 4-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2026
401

Толеънома 4-уми ноябри соли 2026

Ҳамал
Дар зиндагии шахсиатон ҳодисаи хушу ғайричашмдошт рух медиҳад. Эҳтимол бо шахси меҳрубону ғамхор шинос шавед. Аз якравию суханони носанҷида эҳтиёт бошед, зеро атрофиён метавонанд бар зидди шумо дасиса кунанд. Барои оғози тиҷорати шахсӣ имконият пайдо мешавад. Аз хастагии ҷисмонӣ ва асабоният худро эҳтиёт кунед.

Савр
Агар муҷаррад бошед, эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки ҳамсафари зиндагиятон мегардад. Барои оиладорон низ давраи хуб фаро мерасад ва муносибатҳо дубора гарм мешаванд. Рӯзҳои орому осуда дар пешанд. Вохӯрии тасодуфӣ метавонад роҳи нави пешрафтатонро нишон диҳад. Аммо ба корҳои имрӯза диққат диҳед ва масъулияти аз ҳад зиёдро ба дӯш нагиред.

Ҷавзо
Имрӯз барои шиносоии ошиқона ва оғози муносибатҳои нав имконияти хуб пайдо мешавад. Эҳтимол масъалаҳои шахсӣ ба фаъолияти коратон низ таъсир расонанд. Агар ба маблағи иловагӣ ниёз дошта бошед, аз дӯстону наздикон маслиҳат пурсед. Барои анҷоми корҳо шитоб накунед ва худро аз ҳад зиёд хаста насозед. Агар пойҳоятон варам кунанд, ба духтур муроҷиат намоед.

Саратон
Ояндаи зиндагии шумо пеш аз ҳама аз худатон вобаста аст. Ба садои дил гӯш дода, бо боварӣ амал кунед. Аз ғайбату дасисаҳои атрофиён эҳтиёт шуда, ба муноқишаҳои дигарон ҳамроҳ нашавед. Агар нақшаи муҳиме дошта бошед, барои амалӣ кардани он фурсат муносиб аст. Ба пешниҳодҳои даромади осон бовар накунед, зеро эҳтимол фиреби қаллобон бошанд. Мақсадҳои худро муайян карда, аз фикрҳои нолозим дур шавед.

Асад
Бе далели кофӣ ба вафодории шахси дӯстдоштаатон шубҳа накунед. Беҳтараш нигарониҳои худро бо ӯ оромона муҳокима кунед. Имрӯз барои таҳкими муносибат бо наздикон рӯзи муносиб аст. Ба онҳо бештар меҳрубонӣ зоҳир карда, аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Эҳтимол ба сафар бароед ва аз ташвишҳои ҳаррӯза фориғ шавед. Ҳамчунин, тағйироти ботинӣ метавонанд муносибати шуморо ба зиндагӣ дигар кунанд.

Сунбула

Дар зиндагии шахсиатон давраи пур аз лаҳзаҳои ошиқона оғоз мешавад. Имрӯз серташаббус хоҳед буд ва имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Барои расидан ба муваффақият аз фурсатҳо истифода баред, аммо ба мушкилоти дигарон дахолат накунед. Эҳтимол дар нимаи рӯз бо шахси наздикатон нофаҳмӣ ба вуҷуд ояд. Кӯшиш кунед бо атрофиён оштӣ кунед ва аз худхоҳию манфиатҷӯӣ худдорӣ намоед.

Мизон
Вохӯрии тасодуфӣ метавонад барои интихоби роҳи минбаъдаи зиндагӣ ба шумо ёрӣ расонад. Аммо дар қабули қарорҳои дур шитоб накунед. Корҳои хонаро байни аҳли оила тақсим кунед, то баҳсу нофаҳмӣ пеш наояд. Барои ҳалли масъалаҳои муҳими корӣ рӯзи мусоид аст. Ҳамчунин, вақти хубест, ки пасандоз карданро оғоз намоед. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, зеро он метавонад ба саломатиятон зарар расонад.

Ақраб
Агар зиндагии шахсиатон якранг шуда бошад, барои ворид кардани тағйирот кӯшиш кунед. Имрӯз эҳтимоли муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон кам аст. Агар рафтори ӯ шуморо асабонӣ кунад, каме фосила гирифтан беҳтар аст. Барои амалӣ кардани нақшаҳоятон чолокона амал кунед ва фурсатро аз даст надиҳед. Ҳамчунин, аз хунук хӯрдан эҳтиёт шавед, зеро хатари шамолхӯрӣ зиёд аст.

Қавс
Имрӯз хушҳол ва хушмуомила хоҳед буд. Аммо кӯшиш кунед, ки мавқеи худро ҳифз карда, ба дигарон кӯр-кӯрона пайравӣ накунед. Хатогиҳои пешинаатонро эътироф кунед ва дар сурати зарурат аз наздикон узр пурсед. Нимаи аввали рӯз барои қарорҳои муҳим чандон мувофиқ нест. Эҳтимол қарзҳои пешинаатонро баргардонанд, аммо дар харҷи ин маблағ шитоб накунед. Аз хастагии зиёд низ худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ
Имрӯз шахси дӯстдоштаатон метавонад ба шумо рашк кунад. Барои беҳтар кардани муҳити хона ва нав кардани ҷиҳози он вақти муносиб аст. Бо ёрии шиносҳоятон эҳтимол кори нав пайдо кунед. Аз оғози тарҳҳои тоза низ натарсед. Хароҷоти ғайричашмдошт пеш омаданаш мумкин аст, аммо вазъи молиявиатон устувор мемонад. Дар рӯзҳои наздик эҳтимол хобатон халалдор шавад. Доруҳои оромбахшро бе маслиҳати духтур истеъмол накунед.

 

Далв
Эҳтимол бо ишқи пешинаатон вохӯред, аммо ин дидор ба барқарор шудани муносибатҳои ҷиддӣ оварда намерасонад. Бо сюрпризи гуворо аҳли оиларо хурсанд кунед. Имрӯз бо шахсе суҳбати муҳим хоҳед дошт, ки некӯаҳволии шумо аз ӯ вобаста аст. Аз ин рӯ, бодиққат ва хушмуомила бошед. Аз хароҷоти ногаҳонӣ ва талафоти молиявӣ эҳтиёт шавед. Агар саломатиятонро чизе нигарон кунад, ба духтур муроҷиат намоед.

Ҳут
Ба занони муҷаррад тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интихоби ҳамсафари зиндагӣ шитоб накунанд. Имрӯз аз баҳси масъалаҳои баҳснок ва суҳбатҳои сиёсӣ худдорӣ кунед. Рӯз барои афроди эҷодкор, нависандагон ва рӯзноманигорон мусоид аст. Вохӯрӣ бо дӯстон табъатонро болида мегардонад. Амалӣ шудани нақшаҳое, ки фоидаи молиявӣ меоранд, шуморо хурсанд мекунад. Агар худро бад ҳис кунед, сари вақт ба духтур муроҷиат намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД