Имрӯз бонувони зиёде аз паси мӯд давида, мехоҳанд мӯйҳои фатилаву ҷингилаашонро бо асбобҳои гуногуни барқӣ ҳамвор созанд. Дар ҳақиқат мўйи ҳамвору ҷиллонок ба назар ҷолиб менамояд, вале ҳамвор сохтани мӯе, ки табиатан ҷингила аст, кори осон нест.
Аксарияти духтарон аз мӯйҳамворкунаки барқӣ (утюжок) истифода бурда, бехабар аз онанд, ки «утюжок» мӯйҳоро хушку беҷон месозад. Дилатон ба кокулонатон месӯхта бошад, барои ҳамвор сохтани мӯятон воситаҳои дигарро истифода баред.
Воситаҳои халқии ҳамвор кардани мӯй
Қабл аз ҳама мўятонро бо шампуни ғизобахш шуста, баъдан балзами нармкунанда молед. Ба ҷойи мӯйҳамворкунаки барқӣ воситаҳои халқиро истифода бурда, мӯйро ҳамвор кардан мумкин аст. Яке аз чунин воситаҳо оби ҷав мебошад. Оби ҷав дар баробари ҳамвор намудани мӯй ҳамчунин решаи мӯйҳоро ғизо медиҳад, аз ҳамин сабаб, аксари ороишгарони касбии мӯй ба ҷои лак ва мум оби ҷавро истифода мебаранд. Пас аз саршӯӣ, агар ҳар ҳафта мӯйҳоятонро бо оби ҷав обгардон кунед, соҳиби кокулони зебои ҳамвор ва пурҷило хоҳед гашт.
Равғанро фаромӯш накунед!
Воситаи беҳтарини ҳамвор кардан ва ғафсу солим сохтани мўй ниқобҳои табиӣ аз равған мебошанд. Ба сифати ниқоб равғани мушхор, зайтун ё беданҷир (касторовое)-ро истифода бурдан мумкин аст. Яке аз ин равғанҳоро баъди саршӯӣ ба мӯйҳоятон молида, саратонро бо сачоқи гарм печонед ва ним соат ё як соат нигоҳ доред.
Шароб барои кокул
Бонувоне, ки мӯяшон равғанин аст, агар шароб, аниқтараш конякро ба сифати ниқоб истифода баранд, дутарафа бурд хоҳанд кард. Коняк мӯйи сарро ғизо бахшида, аз реша мустаҳкам месозад ва дар баробари ин, ҷилонок мегардонад. Конякро ба дарозии мӯятон молед, вале бо сачоқ напечонед. Баъди ним соат саратонро шӯед.
Ду маслиҳат
1. Пас аз молидани коняк мӯятонро бо шампун шуста, бо оби шарбати меваи ситрусӣ дошта обгардон кунед.
2. Ҳафтае ду-се бор истифода бурдани равғанҳои мушхору зайтун ё коняк муҳим аст. Танбалӣ накунед, он гоҳ мӯйи саратон солим, пурҷилло ва бақувват мешавад.
Мехоҳед мўятон ғафс намояд?
Барои он ки мӯйи ҳамвору парешонатон ба назар ғафстар намояд, амалиётҳои душвор лозим нестанд. Мӯятонро бо шампуни махсус (шампун для объема волос) шуста, ба мӯйи андаке тар мус барои ғафскунонии мўй молед ва саратонро ба поён хам карда, бо истифодаи фен мӯятонро хушконед. Фаромӯш насозед, ки аз мусс ва лаки зиёд якбора истифода бурдан мумкин нест. Ба ҷои ғафсу баланд бардоштани мӯй ин воситаҳо ба мӯй вазнинӣ меоранд.