Маҳсулоти лозима:
1 тухм, 50 грамм шакар, 50 грамм равғани маска, 50 мл шир, 70 грамм орд, 1/3 қошуқча моддаи ковоккунанда, 35 грамм шоколад.
Тарзи таҳия:
Тухмро бо шакар лат зада, шир ва равғани маскаро илова карда, лат занед. Ба он орду моддаи ковоккунадаро ва шоколади резаро андохта, омезиш диҳед. Хамирро ба қолабчаҳои кеспазӣ рехта, дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 20 дақиқа пазед.