Маҳсулоти лозима:
250 грамм фалла, 120 грамм тарошаи кококс (кокосовая стружка), 85 грамм банани бе пӯчоқ, 40 грамм асал, 50 грамм чормағз.
Барои ороиш:
Олуқоқи сиёҳ, ғулинг, пӯчоқи лимӯ.
Тарзи таҳия:
Бананро реза карда, бо фалла (творог) лат занеду асал илова кунед ва дар яхдон як соат нигоҳ доред. Баъди аз яхдон гирифтан ба он кам-кам тарошаи кокосро илова карда, аз он кулчачаҳои баробарҳаҷм омода созеду ба даруни ҳар кадомаш ним чормағзӣ гузоред. Кулчачаҳои омодашударо боз ним соат дар яхдон нигоҳ дошта, баъдан ба тарошаи кокос ҷӯлонеду бо истифода аз олуқоқ, ғулинг ва пӯчоқи лимӯ ороиш диҳед.