sebiston july new
Анисаи Азиз ҳоҷибибӣ ва хонашин шуд?
15.05.2022
Оила
1066

Ман ошиқи таронаву садои дилангези сарояндаи маҳбуб Анисаи Азиз ҳастам.  Таронаҳои дилнишини ин бону бароям хеле писанданду пайваста эҷодиёташро пайгирӣ мекунам. Ба наздикӣ шунидам, ки Анисаи нозанин ҳоҷибибӣ шудааст. Аз ин хабар хеле хурсанд шудам, вале то кадом андоза ҳақиқат доштанашро намедонам. Хоҳишмандам ҳақиқатро барои мо равшан намоед.
Назира, ш. Бохтар.

Посух
Бо дархости шумо дарҳол ба продюсери ситораҳои номдори тоҷик Раҷ Аҳмад занг задем. Раҷ Аҳмад хабари ҳоҷибибӣ шудану тарки саҳна кардани Анисаи Азизро рад карда, иброз намуд, ки Аниса ба Арабистон борҳо сафар кардааст. Дар қатори ӯ чандин сарояндагони номдори кишвар ба ин давлат барои сабту ба навор гирифтани клипу сурудҳояшон мераванд, вале ин маънои зиёрати хонаи Худо кардани онҳоро надорад. Ба гуфти Раҷ Аҳмад Анисабону ҳоҷибибӣ нашудааст ва ҳанӯз ҳам бо эҷоди сурудҳояш машғул аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД