sebiston july new
АННА СЕДОКОВА ПЕШНИҲОДИ МАРДИ АЗ ХУДАШ 10 СОЛ ХУРДРО ПАЗИРУФТ
1363

 

Овозхони 37-солаи украинӣ Анна Седокова дар Инстаграмаш акси романтикиеро нашр карда, ки дар он Янис Тимма, баскетболбози 28-солаи латвиягӣ ӯро ба оғӯш гирифтааст.

Овозхон мегӯяд, варзишгар ба ӯ изҳори муҳаббат кардааст. “Ман ваъда медиҳам, ки бароят зан, дӯст ва шарики беҳтарин ва барои фарзандонамон модари ғамхор хоҳам шуд. Барои ҳар як сонияи ҳаётам Худоро шукр мегӯям ва ҳар сония туро пазмон мешавам. Ман ба ту “бале” мегӯям. Бале, бо ту издивоҷ мекунам, ту беҳтарин марди оламӣ”,-навиштааст, Седокова.

Янис Тимма низ ҳамин аксро дар Инстаграмаш нашр карда, навиштааст, ки барои Анна ҳатто ҷонашро медиҳад. Ҳафтаи дувум аст, ки ҷуфти ошиқ дар шаҳри Майамаи иёлоти Флоридаи Амрико қарор доранд ва ин саҳнаи изҳори муҳаббат низ дар ҳамон ҷо сурат гирифтааст. Седокова ба Амрико барои дидани Моника, духтарчаи 9-солааш, ки аз шавҳари қаблияш Максим Чернявский ба дунё омадаву бо ӯ зиндагӣ мекунад, сафар карда, дар баробари ин, бо ошиқаш, ки аз худаш 10 сол хурд аст, вақт мегузаронад. Анна Седокова се маротиба ба шавҳар баромада, соҳиби се фарзанд, ду духтару як писар аст. Янис бошад, як маротиба оиладор шуда, соҳиби як писар мебошад ва ҳоло аз ҳамсараш ҷудо шудаасту нияти бо Анна оила барпо карданро дорад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД