arzon replenishment
Анонси шумораи №38 ҳафтаномаи “Оила”
2077

Дар шумораи №38 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хонаамро ба номи ошиқам кунам?”, “Шавҳарам бангӣ бошад, ман гунаҳкор?”, “Ба ҳамсоя қарз дода, аҳмақ шудам” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Нуқра дар хоб”, “Хоҳарро хоб дидан чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.

Қиссаи “Бахт аз мотамхона” сарнавишти пурдарди зани азиятдидаест, ки аз модар ятим монда, дар зиндагӣ азобу ситамҳои зиёдеро аз сар мегузаронад ва билохира марде пайдо мешаваду ӯро пуштибон гашта, зиндагии хушбахтона насибаш мегардад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Шоҳмот макруҳ аст?”, “Ҳамбистарӣ кай иҷозат нест”, “Ҳукми тарошидани мӯйи сари зан”, “Ҳашаротро дафн кунем”, “Оро додани мошини арӯсӣ бо гулҳо равост?” ва дигар саволҳо посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Вайрон кардани интизоми меҳнат ҷавобгарӣ дорад?”, “Обрӯямро мерезонад, ба куҷо муроҷиат кунам?”, “Оила вазифаҳои ҳуқуқӣ дорад?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз гиряҳои талхи модари тоҷик то “Ҷилвагар”-и Суруш Холов” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди маъруфи театр ва синамо, саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский Хуршед Мустафоев оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодӣ мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Табобати мигрен бо гулу гиёҳҳои табиӣ” ва “Решаи тиллоӣ” хотираро мустаҳкам месозад?” пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД