arzon replenishment
АНОНСИ ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "ОИЛА"
12.01.2022
Mahina
733

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед:

Овоза ва ҳақиқат

Дилноза Каримова: Шавҳар карданам барқасди касе набуд!

... Шунидам, ки сарояндаи дӯстдоштаам Дилноза Каримова дубора шавҳар карда, зиндагии ширинро оғоз намудааст. Мегӯянд, ки Дилнозабону барқасди нафаре як марди одиро интихоб намудааст. Хоҳишмандам сари ҳамин мавзуъ бо сарояндаи дӯстдоштаам мусоҳиба анҷом диҳед...

3 талоқ барои тавлиди писар

...Ростӣ, дилам аз шавҳарам тамоман монда буд ва намехостам дар бораи таваллуд карданам ба ӯ чизе бигӯям, вале модарам “ҳар чӣ ҳам набошад, вай падар аст ва ҳақ дорад, ки бидонад” гуфта, ба он номард занг заданд ва шодиёна гирифта гуфтанд, ки занат як шоҳписар зоид. Шавҳари нокасам ба ҷойи Худоро шукр гуфтан...

Соҳибҷамоли харсавор

... Марҷонаи эркатулфор боз қилиқҳои дигар баровард. Ў шавҳарро писанд намекард, куҷое хоҳад мерафт ва аксар шабҳо дер ба хона меомад. Боре Санҷар занашро дар рў ба рўяш шинонида гуфт:

-Марҷона, бас аст зиндагии сагона, ману ту бояд соҳиби фарзанд шавем,- вале Марҷона...

Соли нав барои кӣ талх буду барои кӣ ширин?

...Дар арафаи соли нави мелодӣ ситораи силсилафилмҳои туркӣ Ханда Эрчел аз коронавирус сироят ёфта, табибон ӯро ба карантин шинонданд. Карим ба манъ карданҳои табибон нигоҳ накарда, ба аёдати Ханда меомад ва ҳамин тавр, худаш низ аз ин вирус сироят ёфта...

...Йигит Кочак низ мисли дигар ҳампешагонаш гирифтори коронавирус гаштааст ва маҷбур аст, ки аз баҳри ҳаёти пур аз шӯру шар ва дискотекаю базму хурсандӣ гузашта, карантинро риоя намояд ва дар асорати чаҳор девор зиндагӣ кунад...

5 бемории зимистона

...Дар баъзе ҳолатҳо зуком ҳатто боиси дарунрав ва қайкунӣ низ мегардад. Дар сурати ба ин шакли зуком гирифтор шудан якбора аз чанд дард азият кашидан мумкин аст. Аз ин рӯ, ба умеди мураббочой ва лимӯ нашуда...

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД