new banner new years
Ғарӣ накарда, ВИЧ-СПИД шудам
11364

 

Салом хонандагони азиз! Ман як зани аз зиндагӣ навмед, мехоҳам қиссаи сарнавишти талхамро ба шумо нақл кунам, то ба тамоми занону духтарони тоҷик дарси ибрат шавад ва ҳушёрӣ пеша намоянд.

Ман ҳам ба мисли ҳар кадоми шумо як зани одӣ ҳастам. Волидонам баъди хатми мактаби миёна маро ба ҷавоне ба шавҳар доданд, ки дар умрам ягон бор надида будам. Падар розӣ-Худо розӣ гӯён, ягон зарра исрор накардам, то ки Худо бо дуои волидон бахти сафедам диҳад, аммо...

Ишқ аз таги чодар

Ману шавҳарам пеш аз тӯй ҳамдигарро надида хонадор шуда бошем ҳам, аз таги чодар бо як нигоҳ ба ҳам дил бастем. Шавҳарам бачаи хуб буд ва ба қавле маро рӯйи даст бардошта мегашт, вале ситораам аз рӯзи аввал бо модаршӯям рост наомад. Меҳрубониҳои писарашро дида, хушдоманам аз рашк девона мешуд ва сари ҳар як қадам айши маро талх мекард. Хурдтарин баҳона кофӣ буд, ки ин зани пояш ба лаби гӯр расида, қиёматро қоим карда, дар сарам чормағз шиканад. Талху пичинг ва дашному ҳақоратҳои қабеҳи хушдоманам маро ҷигархун мекарданд. Суханони нешдораш аз ҷавшани ҷонам гузашта, дилам ба фиғон меомад, вале хотири шавҳарам базӯр лабамро зери дандон гирифта, чизе намегуфтам...

Рашки хушдоман

Ҳомиладор шудам. Шодии моро интиҳо набуд. Аз рӯзе, ки хабари ба наздикӣ падар шуданашро фаҳмид, шавҳарам дигар намемонд, ки кори вазнин кунам ё бори вазнин бардорам. Маро ба мисли гавҳараки чашмонаш эҳтиёт кардани шавҳарам ғаши модаршӯямро меовард. Акнун вай писарашро занкалон, латта гӯён таъна мезад ва кӯшиш мекард, ки байни мо низоъ андозад, аммо шавҳарам гӯшашро ба карию чашмашро ба кӯрӣ зада, дар ҷавоби модараш чизе намегуфт. Бепарвоии писараш оташи қаҳру ғазаби хушдоманамро бештар аланга медод ва маро дар назди ҳамсояҳо бад карда, ҷодугар меномид...

Ҷанҷолбибӣ

Бо ғурбату ҷанҷоли хушдоман нуҳ моҳро паси сар карда, духтарчаи зебоеро ба дунё овардам. Гумон доштам, ки тавлиди набераи нахустин дили сангини хушдоманамро нарм месозад, вале хаёлам хом баромад. Акнун ман бо тифли навзод овора шуда, сари вақт тамоми кору бори хонаро ба анҷом расонида наметавонистам. Худо накарда, хӯрокам даҳ дақиқа дертар пазад ё баъди азони бомдод аз хоб хезам, модаршӯям косаро ба табақу дегро ба кафлез зада, чунон доду вой мебардошт, ки гумон мекардӣ дар ин ҳавлӣ куштор ё ягон ҳодисаи дигари даҳшатнок рӯй додааст...

Аз соғару аз шиша алам мегирам

Шавҳари бечораам байни ду соҳил монда, чӣ кор карданашро намедонист. Ғурбату ҷанҷоли модараш ӯро майзада кард. Шавҳарам аз соғару аз шиша алам гирифта, мурданивор арақ мехӯрд ва масту аласт ба хона баргашта, маро бе сабаб зери мушту лагад мегирифт. Фарзандам зиндаятим гашта, пеши пои мардум хору зор нашавад гӯён, бо ҳамин аҳвол боз панҷ соли дигар тоқат кардам. Дар ин миён фарзанди дуюмамро ба дунё овардам. Гумон доштам, ки ягон рӯз ҳуши мардакам ба сараш мезанад, вале ҳайҳот! Шавҳарам ҳамоно масту аласт омада, бо балвои модараш маро зери мушту лагад мегирифт, баъд ҳушёр шуда, боз бахшиш мепурсид...

Нолаи зори ҷудоӣ

Аз зарби лату кӯб ҳама ҷоям маъюб шуд. Аз тарси он ки ягон рӯз дар сари мастӣ шавҳарам маро зада накушад, аз баҳри зиндагии пур аз ранҷу азоби сагонаам гузашта, кӯдаконамро гирифта ба хонаи падарам баргаштам. Аз шавҳарам ҷудо шудани маро шунида, чандин мардони занмурдаву дар зиндагӣ шикастхӯрда талабгорам шуданд, вале ба тамоми хостгорон ҷавоби рад медодам. Намехостам фарзандонам ба нони паиндар зор ва гапшунав шаванд. Миёнамро маҳкам баста, ба худ қарор додам, ки бачаҳоямро бо меҳнати ҳалоли худам калон карда ба воя мерасонам...

Дар набарди зиндагӣ

Аз шавҳарам ҷудо шудани маро қариб 10-сол мешавад. Худо шоҳид аст, ки дар ин муддат дасти ягон мард ба домони поки ман нарасидааст. Ишқу ошиқӣ он тараф истад, аз пайи ташвишҳои зиндагӣ овора шуда, ҳатто вақт намеёфтам, ки дар бораи танҳоии худ фикр кунам. Ҳушу ёдам танҳо ба тарбияи фарзандонам банд буд. Барои он ки кӯдаконам нони бе миннат хӯранд, ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бо арақи ҷабин пули ҳалол кор мекардам, аммо...

Ташхиси пурмуаммо

Азбаски саломатиам хуб буд, гоҳ-гоҳ ба маркази ҷумҳуриявии хун рафта, хун месупоридам, то ки хуни ман ба маризони дар дами марг қарордошта умри дубора ато намоянд. Пас аз бозгашт аз муҳоҷирати навбатии меҳнатӣ боз хунсупорӣ рафтам, вале аз чӣ бошад, ки ин дафъа ба ҷойи натиҷаи ташхисро ба дастам дода ба ҳуҷраи хунсупорӣ маро роҳнамоӣ кардан, ҳамшира хоҳиш кард, ки ба назди сардухтур дароям. Дилам сиёҳ шуд, ки барои чӣ барои хун супоридан ба ман иҷозат надода, ба назди сардухтур дароед мегӯянд. Аввалин чизе, ки ба сарам омад, ин саратон буд. Гумон кардам, ки ба саратони бачадон ё касалии қанд гирифтор шудаам, вале...

Дар ҳуҷраи сардухтур

Сардухтур маро бо табъи гирифта пешвоз гирифт. Вай гоҳ аз ину гоҳ аз он савол дода, дар бораи зиндагиам пурсон мешуд. Аз ваҷоҳат ва пурсишҳои кунҷковонааш маълум буд, ки чизи муҳимеро гуфтан мехоҳад, вале ҷуръат накарда истодааст ё намедонад, ки гапро аз чӣ сар кунад, барои ҳамин гоҳ аз боғу гоҳ аз роғ сухан мекунад. Тасодуфан чашмам ба коғазҳои болои миз афтид, ки дар рӯяшон бо ҳарфҳои калони сурх ВИЧ навишта шуда буд. Беихтиёр аз дил гузаронидам, ки он бечораи бетақдир кӣ бошад, аммо...

“Валерианка менӯшед?” гуфтани сардухтур маро ба худ овард. Ба чашми духтур нигоҳ карда пай бурдам, ки зери коса нимкосае ҳаст ва дар ҳоле, ки дилам гуп-гуп мезад, нимовоз пурсидам:

-Ин ҷавоби анализи ман?

Сардухтур “бале” гӯён нигоҳашро гурезонд.

Бо шунидани ин хабари шум гӯё осмон якбора ба сарам чаппа шуд. Ҳеҷ ба ақлам рост намеомад, ки ман ба ВИЧ-СПИД гирифтор шудаам. Духтур ба ман об дароз карда, кӯшиш мекард, ки маро бо суханони таскинбахш тасаллӣ диҳад, вале ин хабари шум маро чунон ба даҳшат оварда буд, ки дигар ҳатто заминро дар зери поям эҳсос намекардам. Чаро? Барои чӣ? Ман 10 сол боз бо ягон мард муносибати наздик надоштам, нашъаманд ҳам нестам, пас, аз куҷо ин дарди бедаво ба ман часпид? Барои кадом гуноҳам Худо маро чунин ҷазои бераҳмона дод? Саволҳои беохир дар сарам печида, майнаамро чунон гиҷ карданд, ки ногуфтанӣ. Зиндагӣ дар як лаҳза барои ман маъниашро гум кард...

Фарёди дил

Аз назди сардухтур чӣ хел баромадам, намедонам. Баробари аз беморхона баромадан мисли гурги захмин уллос кашида, ба нола даромадам. Писарам, ки ҳамроҳам ба маркази хун рафта буд, ҳайрон шуда, намедонист чӣ тавр маро ором созад. Вай гаштаю баргашта мепурсид, ки очаҷон, ба шумо чӣ шуд, аммо маро тавони ба ин саволи ҷонсӯз ҷавоб гуфтан набуд....

Маргро аз чунин ҳаёт авлотар дониста, мехостам худро ба дарёи Душанбе партоям, зеро то он рӯзи наҳс гумон мекардам, ки фақат фоҳишаю наркоманҳо ба ВИЧ-СПИД гирифтор мешаванд. Ягон бор ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам наомада буд, ки одамони поку ҳалол низ метавонанд ба ин дарди бедаво гирифтор шаванд. Пештар, агар касе ба ман мегуфт, ки ягон рӯз ВИЧ мешавам, шояд ба ҳолаш қоҳ-қоҳ зада механдидам, вале балое, ки ҳеҷ интизораш набудам, якбора ба сарам омада, маро дар зери бори гарони ғаму дард маҷақ кард...

Дарди ниҳон

Чун ба хона расидем, дари утоқи хобамро аз дарун маҳкам карда, панҷ шабу панҷ рӯз гиря кардам. Пайвандонам гаштаю баргашта дарамро кӯфта, сабаби дар танҳоӣ ашк рехтанамро пурсон мешуданд, вале ҷавоб намедодам. Ҷуръат намекардам, бигӯям, ки ман ба касалии ВИЧ гирифтор шудаам. Метарсидам, ки маро аз хона меронанд...

Ғам дар дилу...

Суд надоштани гиряву ноларо дарк намуда, оқибат худро аз ҳабси хонагӣ озод кардам, вале аз тарс дигар фарзандонамро ба оғӯш гирифта, бӯса намекардам. Гумон мекардам, ки агар онҳоро бӯса кунам ё ба оғӯш бигирам, ин касалӣ ба кӯдаконам низ мегузарад. Баъдтар табибон ба ман фаҳмонданд, ки ВИЧ аз нишастан дар сари як дастурхон, аз як коса ё пиёла хӯроку об хӯрдан ва ҳамдигарро бӯса кардану ба оғӯш гирифтан намегузарад.

Беморӣ ба сарам бало овард

Сабаби ба идораи ҳафтаномаи “Оила” муроҷиат кардани ман муносибати бисёр бади баъзе одамон бо ман барин беморон аст. Худованд шоҳид аст, ки ман зани беҷогард набудам ва нестам, дар умрам ягон кори ҳаром накардаам, аммо ба ин дард гирифтор шудан дар тақдиру насибам будааст. Дар Русия бемор шуда ба беморхона афтида будам ва ба ман хун гузарониданд. Табибони тоҷик тахмин мекунанд, ки ин касалӣ ҳамон вақт тавассути хуни вирусдошта ба ман гузаштааст. Имрӯз ташкилоти махсусе садҳо нафар ман барин занҳои ба ин дард гирифтор шударо зери қанот гирифта, бе пул табобат карда истодааст. Аз дарди ҷисм он қадар азият намекашам, ки аз дарди дил. Дарди дили ман ин муносибати ноадолатонаи атрофиён аст. Мутаассифона, аз сабаби кам маълумот доштан дар мавриди ин беморӣ мардуми мо бо шунидани калимаи ВИЧ дар ҳарос меафтанд ва кӯшиш мекунанд, ки худро аз чунин беморон дар канор бигиранд. Баъзе наздикони худам бо ман дар сари як дастурхон намешинанд ва кӯдаконашонро ба ман наздик шудан намегузоранд. Вақте ки шумо чунин муносибат мекунед, мо маҷбур мешавем, ки бемории худро пинҳон дорем. Дар ин ҳолат хатари сироятёбии шумо зиёд мешавад.  Пас аз гирифтор шудан ба ин дарди бад ман дарк кардам, ки ВИЧ ва СПИД танҳо бемории фоҳишаю наркоманҳо набуда, одам тасодуфан низ ба ин дарди бедаво мубтало гашта метавонад. Барои ҳамин ба ҳама муроҷиат карда мегӯям:

ВИЧ-СПИД аз гап задан ё паҳлӯ ба паҳлӯ нишастан намегузарад, худро аз мо барин беморон дар канор гирифта, моро маҷбур накунед, ки касалиамонро пинҳон созем. Моро ҳамчун инсон қабул кунед, он гоҳ байни мову шумо ягон сирри пинҳон намемонад ва нигаҳдории саломатиатон бароятон осонтар мешавад!

Аз идора

Хонандагони азиз, дар ҳақиқат бемории ВИЧ-СПИД аз суҳбат кардан, дар сари як дастурхон нишастан ва ё дар як хона зистан намегузарад. Ин беморӣ бо роҳҳои зерин сироят менамояд:

  1. Тавассути хун.

Беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруи қаблан аз ҷониби бемори ба ВИЧ гирифтор истифодашуда ё таҷҳизотҳои тиббӣ, ҳамчунин дар вақти хунгузаронӣ тавассути хуни вирусдошта ба одами солим гузашта метавонад.

2. Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ.

Бемор шудан нахоҳед, бо одамони тасодуфӣ муносибати маҳрамона накунед ё ақаллан аз рифола истифода баред.

3. Аз модар ба кӯдак, ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ.

Фаромӯш накунед, ки дар ҳамаи моеъҳои биологии организм вирус вуҷуд дорад, аммо дар чор моеъ консентатсия ва хавфи сироят ёфтан бештар аст:

1) Хун

2) Нутфа

3) Тарашуҳоти маҳбал

 4) Шири сина

ВИЧ-ПИД-ро чӣ гуна муайян мекунанд?

Айни замон чунин  намудҳои ташхиси ин беморӣ вуҷуд  дорад:

1. Тести оҷилӣ.

2. Анализи имуноферментӣ.

3. Имунаблот (муайян  кардани  РНК  вирус).

Роҳҳои пешгирии ВИЧ-СПИД инҳоянд:

1. Риоя намудани тарзи ҳаёти солим.

2. Истифодаи таҷҳизотҳои тиббии яккарата.

3. Алоқаи ҷинсӣ танҳо бо як нафар ва истифода будан аз рифола.

4. Муоинаи тиббиии ҳатмии нашъамандон, шахсони муддати тӯлонӣ дар маҳбас буда ва касоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд.

5. Муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ.

Зани ҳомила гирифтори ВНМО бошад, ҳатман муолиҷаи зиддиретровирусӣ гирифтанаш лозим аст. Занҳое, ки табобати зидди ретровирус гирифтаанд, ҳангоми таваллуд кардан хавфи  сироятёбии тифлашон ҳамагӣ 2% мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД