arzon replenishment
Бачаҳои тоҷик дар Русия ба СПИД гирифор шуданд
6165

Мо, як гурӯҳ тоҷикони муҳоҷир як сол боз дар шаҳри Новгороди Россия кору фаъолият дорем.

Ҷамол ном рафиқамон духтарбозӣ ашадӣ буд ва ҷавони дигари тоҷикро низ ба ин роҳи ҳаром бурд. Бо касофатии ҳамин Ҷамол бачаҳо бо духтарҳои тардомони рус ҳамхобагӣ карда, ба ВИЧ-СПИД гирифтор шуданд. Саид ном рафиқамон ба ин дарди бедаво гирифтор шудани онҳоро аз куҷое фаҳмида, ҳамаашонро насиҳат кард, ки сари вақт табобат бигиранд. Дар аввал бачаҳо беморияшонро ба гардан нагирифтанд ва «моро туҳмат мекунӣ» гуфта, ҷангу ҷанҷол бардоштанд.

 


Дар Ватан ҷойи кор надоштам, таъмини хонаводаамон танҳо бар дӯши падари пирам буд. Мӯйсафеди бечора субҳ ба кори саҳро рафта, шом хаставу беҳол ба хона бармегашт. 

 


8HlGQxptl2yLdUbHnVrvmuWqUuVEFujAo5E2xlA1

 

 


Ин сир пинҳон карданҳояшон оқибат ба он оварда расонд, ки ҳамаашон аз по афтида, зорию тавалло карданд, ки илоҷе карда, онҳоро ба Ватан гусел кунем. Диламон ба ҳолашон сӯхту ба қадри тавонам пул ҷамъ карда, чипта харидем ва ҳамаашонро ба хонаҳояшон гусел намудем. Вақте ки аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардем, ҳамаашон бачаҳои хушқаду базеби чорпаҳлӯ баданд, вале ҳаёташонро бо дасти худ сӯхтанд. Рўзи гусели бачаҳои ба ВИЧ мубтало гашта ба чеҳраи гирифтаю ранги заъфарониашон нигариста, боварам намеомад, ки ҳамин скелетҳои даҳшатангез дўстони хушандому паҳлавонсуратам ҳастанд.
Саргузашти талхи ин бачаҳоро ба он хотир рӯйи коқаз овардам, ки барои дигар ҷавонони муҳоҷир дарси иборат гардад. Ҳељ гоҳ аз паси духтарҳои сабукпо надавед, бародарони азиз, чунки оқибаташ вой аст!
Мансур, Шодмон
ва боз чанд ҷавони
муҳољир аз ш. Новгород

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД