Formula novemver 2024
Ҳар рӯз ҷурғот хӯрӣ, ҷавон мешавӣ?
07.11.2024
ОИЛА.ТҶ
676

Салом! Маъмулан ба шахсоне, ки рӯзи дароз дар назди компютер мешинанд, ҳар рӯз як истакон ҷурғот хӯрданро тавсия медиҳанд. Чаро чунин мегӯянд? Илтимос, дар бораи манфиати ҷурғот ба саломатии инсон каме маълумот диҳед.

МАНЗУРА, ш. Душанбе

Посух:

- Ҷурғот бо сабаби таркиби бисёрҷанбааш ба саломатӣ хеле муфид аст. Дар таркиби ҷурғот витаминҳои С, А, РР, D ва витаминҳои гурӯҳи В (В1, В2, В5, В6, В9, В12) холин ва бета-каротин вуҷуд дорад. Бар замми ин, дорои минералҳои фосфор, калий, мед, хром, калсий, сера, натрий ва ғайра мебошад.

Витамин ва моддаҳои минералии таркиби ҷурғот ба ҷисм таъсири муфид мерасонад. Ҷурғот ҷисмро ҷавон мекунад: хунро тоза ва кори узвҳои ҳозимаву рӯдаву меъдаро ба эътидол меорад. Истеъмоли ҷурғот боиси хубтар ҳазм гаштани хӯрок мегардад. Нафароне, ки ширро истеъмол карда наметавонанд, метавонанд кефир хӯранд. Аз ҷурғот аллергия пайдо намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД