Arzon march 2024
Арабистони Саудӣ: $30 миллион кӯмаки бебозгашт тақдим кард
547

 

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҳаҷми 30 миллон доллар барои дастгирии Бунёди амонати башардӯстонаи Афғонистон Кӯмаки бебозгашт тақдим кард.

Дар ин бора аз дафтари сафорати шоҳигарии Араӣистони Саудӣ ба Оила ТҶ хабар доданд. Гуфта мешавад, ки бунёди амонати башардӯстонаи Афғонистон идораи зертобеи Бонки рушди исломӣ буда, дар ҳамоҳангӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ фаъолият мекунад.

Тасмим сафорат ба хотири дур кардани азобу заияти мардуми Афғонистон, коҳиши хатари бадшавии вазъияти буҳронии инсонӣ ва фурӯпошии эҳтимолии иқтисоди Афғонистон амалӣ мегардад, ки ба сулҳу саботи минтақа таъсир хоҳад расонид.

Кӯмаки мазкур идомаи дастгириҳои молиявии моҳҳои ахири Арабистони Саудӣ барои мардуми Афғонистон, ки кишвари ҳамдину бародар аст, ки тавассути хатсайрҳои ҳавоӣ ва роҳҳои заминӣ тақдим гардидааст.

Арабистони Саудӣ дар тӯли даҳсолаҳои гузашта чандин лоиҳаҳоро дар самти тандурустӣ, таълим, об ва амнияти озӯқаворӣ дар Афғонистон дастгирӣ намуда, бо ин мақсад зиёда аз 266 миллон доллар ҷудо намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД