Arzon march 2024
Қаҳрамон Ёров ба падараш чи шарт монд?
1107


Қаҳрамон Ёров, корманди Театр-студияи “Хандикамон” мебошад. Ин марди хурдакак зиндагӣ ва хизлатҳои аҷибие дорад.

Пурҳунар, аммо якрав аст, баъди кашидани азоби зиёди иҷоранишини дар шаҳри Хуҷанд “ду пойро дар як муза карда” ба падараш шарт мегузорад, ки то хона харида надиҳанд, ҳунармандӣ намекунад.
Азбаски эркаи оила аст, падар ва бародаронаш ба ӯ хона ҳам харида медиҳанд ва инак 20-сол аст, ки Қаҳрамон дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ ва Театр-студияи Хандикамон кор мекунад.

Одами калони нокора чи даркор?

Аксар вақт бо одамони маъюб ё нуқсондошта сӯҳтам мекунем ва “саволи ҳассос” сабаби маъюбияти онҳо аст. Ин саволро пеш аз додан сад бор ва вақти пурсидан як бори дигар меандешем, ки мабодо ҳамсӯҳбатамн наранҷад, аммо ғайричашмдошт ин савли мо ба гӯши Қаҳрамон форид. Вақте пурсидем, ки маъюбии шумо модарзодӣ аст ё сабабҳои дигар дорад, бо шавқ гуфт:
-Одами калони нокора чи даркор? Майдачаи ҳамакора хуб нест? Ман майда, ки ҳастам, хушрӯ метобам ва бисёриҳо маро дида аз дур салому алайк мекунанд, наздик омада ҳолпурсӣ менамоянд. Ман худро ҳеҷ гоҳ маъюб намеҳисобам, баръакс аз одамони кӯҳ борин азим ҳам усувортар ҳастам.
Дар урфият мегӯянд“Ба як мард 40 ҳунар кам аст”. Қаҳрамон ҳам бо вуҷуди майдача буданаш сар то по ҳунар аст. Ӯ аъзои фаъоли Театр-студияи Хандинкамон буда, бар замми ин, боз дар сирк ҳунарнамоӣ мекунад, дар релкмаю клипҳо нақл мебозад, рӯзҳои истроҳатӣ ба деҳа рафта бо деҳқонӣ машғул мешавад. Ду маълумоти олӣ дошта, ҳам актёр ва ҳам омӯзгор аст.
лова бар ин ҳамаБа гул ва парвариши он низ шавқ дошта дар хонаи худ беш аз 20 намуди гулҳоро варвариш мекунад.

Қаҳрамони майдачаро киҳо масхара мекарданд?

Дар посух ба саволи мо оиди он ки магар барои қади пасташ ба Қаҳрамон бо чашми тамасхӯр нигоҳ мекарданд ё не, ӯ хандида гуфт:
Дар деҳа маро ҳама мешиносанд ва шукр, то дами ба шаҳр омаданам, ягон бор ягон одами солор маро паст назадааст ё ба қавле масхара накардааст. Гоҳ-гоҳ солҳои мактабхонӣ дар ёдам ҳаст, ки бачаҳои майда, яниқтараш кӯдакон масхара карда механдиданд. Ба хандаи онҳо ман ҳам бо ханда ҷавоб медодам, охир ба кӯдак чӣ ҳам мегӯяд одам?
Дар шаҳр ҳам ҳолат чунин аст. Одамони калон баръакс эҳтиром мекунанд,ки ман ҳунарманд ҳастам, аммо гоҳ-гоҳ кӯдакон бо ангушт ишора мекунанд, ки вай одами майдачаро бинанд. Ман аз ин ҳолатҳо намеранҷам.
Модарам қаҳрамонмодар буданд, вале...
Қаҳрамон оиди вазъи оилавияш гуфт: Мо дар оила 10 нафар фарзанд будем. Раҳматӣ модарам медали “Қаҳрамонмодар” доштанд, аммо имрӯз аз 10 фарзанди падар фақат 8 нафар дар қайди ҳаётем. Дар байни аҳли хонавода фақат ман майдачаам, боқимонда ҳама калону солим.

Занаш кисту чи кора-фарзандонаш чӣ гуна?

Баъзе аз мухлисони Қаҳрамон аз мо хоҳиш карда буданд, ки ба саволи “Занаш кисту чи кора-фарзандонаш чӣ гуна?” посух бигирем. Ин марди ҳунар гуфт:
-Ман агарчӣ 18-сола тобам ҳам, дар асл 38-сола ҳастам. Шукри худо оилаи солим ва ду гулдухтари комилан сиҳату саломат дорам. Занам аз деҳаи худамон ва хонашин аст.
Орзуҳои Қаҳрамон
Қаҳрамон бо туфайлӣ дар сирк ҳам ҳунарнамоӣ карданаш натанҳо тамоми минтақаҳои кишвар, балки ба давлати Руссия ва Ӯзбекистон низ рафта ҳунарнамоӣ кардааст. Ин марди сар то по ҳунар мехоҳад ҳамроҳи кормандони Театр-студияи Хандинкамон низ ба хориҷи кишвар рафта ҳунарнамоӣ кунад.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД