goodwell
Ҳарфҳои ногуфтаи Оламбӣ Саидова
137

Оламбӣ Саидова – сарояндаи шинохта ва хоҳари ҳунарманди номвари тоҷик Малика Саидова аз олам даргузашт. Хабари марги ӯ аҳли санъат ва мухлисонашро андӯҳгин кард...

Садои ошно

Оламбӣ Саидова аз ҷумлаи овозхонҳое буд, ки расонаҳо дар бораашон хеле кам навиштаанд, аммо садояшон барои ҳазорон нафар ошност. Ӯ бештар бо сурудҳои мардумӣ, лирикӣ ва базмӣ, иҷроҳои зинда ва ҳунарнамоӣ дар маҳфилҳои мардумӣ шинохта мешуд. Номи ӯ солҳои зиёд дар канори номи хоҳараш овозхони маъруф Малика Саидова садо медод, вале Оламбӣ низ ҳаводор, сабки иҷро ва роҳи ҳунарии худро дошт.

Хабари даргузашти Оламбӣ Саидова ҳафтаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Маросими ҷанозаи ӯ 15 август баргузор шуд. Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби даргузашти ӯ бемории саратон гуфта шудааст.

Ҳамдардии Афзалшо Шодиев

Оламбӣ Саидова дар ансамбли “Фалак”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият дошт. Дар рӯзи марги сароянда ҳамкораш Бунафша Муқимова дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: “Мо аҳли ҳунармандони ансамбли “Фалак”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ба хунарманди махбуб МАЛИКА САИДОВА нисбати даргузашти хохарашон ОЛАМБӢ САИДОВА изхори тассалият менамоем”.

Афзалшо Шодиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар рӯзи марги Оламбӣ Саидова дар саҳифааш дар “Фейсбук” навишт:

“Шогирди азизам, хоҳараки хоксору боадабам, рӯзи омаданат ба кор ин қадар шод шуда будӣ. Инсони неку беозор, ҳунарманди пурдарди куҳистон, рӯҳат шоду ҷоят ҷаннат бод. Ҷойи ту дар дилҳои ҳамкоронат як умр ба некӣ зинда хоҳад монд. Инно Лиллоҳи ва Инно Илайҳи Роҷеъун…!”.

Ҳамин тавр, даҳҳо нафар аз аҳли ҳунар марги Оламбӣ Саидоваро таслият гуфтанд.

Сурудҳои мардумӣ

Оламбӣ Саидова дар барномаҳои телевизионӣ, консертҳои давлатӣ ва бештар дар базму маъракаҳо ва барномаҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ то солҳои охири ҳаёташ фаъолияти ҳунарӣ дошт ва бо мардум робитаи мустақимашро нигоҳ медошт.

Яке аз маъруфтарин сурудҳои Оламбӣ Саидова таронаи «Аз ту дурам» мебошад. Клипи ин сурудро дар интернет садҳо ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Солҳои охир таронаҳои ӯ «Бодаи нур» ва «Ошиқи зорам» низ миёни мухлисон сершунаванда буданд. Ин сурудҳоро бастакори маъруф Фарҳоди Одина эҷод кардааст. 

Ҷолибтар ин аст, ки яке аз сабтҳои навтарини Оламбӣ Саидова таронаи «Ҳар қадар» шеъри Лоиқ Шералӣ ва оҳанги Фарҳоди Одина аст, 10 июли соли 2026 дар YouTube нашр шудааст. Яъне сароянда бо вуҷуди беморӣ ба кори эҷодӣ машғул буд. 

Оламбӣ ва Малика

Оламбӣ Саидоваро ҳамчун хоҳари Малика Саидова мешиносанд. Дар интернет наворҳои зиёде аз ҳузури муштараки ду хоҳар боқӣ мондаанд.

Малика Саидова дар саҳнаи мусиқии тоҷик шуҳрати бештар пайдо кард ва таронаҳояш солҳои зиёд тариқи телевизион, радио ва сабтҳои аудиоӣ паҳн шуданд. Оламбӣ бошад, бештар дар муҳити суруди мардумӣ ва маҳфилӣ боқӣ монд. Аммо ин маънои дар сояи хоҳар мондани ӯро надорад. Баръакс, наворҳои боқимонда нишон медиҳанд, ки Оламбӣ шунавандаи худ ва шеваи хоси иҷро дошт.

Малика Саидова солҳои охир тарки саҳна кардаву аз рӯйи баъзе маълумот ба тиҷорат машғул аст ва зиндагии рӯҳониро интихоб кардааст. Вале то ҳол мухлисонаш ин сарояндаи номварро наметавонанд фаромӯш кунанд ва интизори ба саҳна баргаштани ӯянд.  

Пайрави Нигина Рауфова

Моҳи ноябри соли 2025 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба 80-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова маҳфили ёдбуд баргузор шуд. Дар баробари овозхонҳои маъруфу шогирдони Нигина Рауфова, Оламбӣ Саидова низ ба саҳна баромад ва таронаи машҳури «Файзобод»-ро иҷро кард.  

Интихоби «Файзобод» низ барои ӯ бегона набуд, зеро ӯ аз сарояндагоне буд, ки ба сабки Нигина Рауфова пайравӣ мекард ва бо ин ифтихор ҳам дошт.

Ҳарфҳои ногуфта

Бо вуҷуди он ки садои Оламбӣ Саидова солҳо шунида мешуд, дар бораи зиндагии шахсии ӯ ва эҷодиёташ маълумот хеле кам аст.  Яъне мо дар бораи чунин сарояндагон хеле кам медонем. Ҳол он ки онҳо низ умри худро сарфи саҳнаи ҳунар кардаанд.

Оламбӣ Саидова роҳи худро дошт. Вале аз сабаби он ки хоксору фурӯтан буд, дар борааш хеле кам навишта шудааст. Ӯ дардҳои хешро бо худ ба он дунё бурд. Аз Оламбӣ Саидова фақат сурудҳои пурсӯз боқӣ монд...

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД