Армон (ҚИСМИ 4)
784

- Баръакс келини шаттоҳи бадахлоқашро таъриф мекард. Ба чӣ хотир? Ба хотири хушбахтии фарзандаш. Лекин келинаш хуб Шоистахоларо ганда мекард.

Ҳамин тавр, оҳиста - оҳиста Умед аз модараш дилхунук шуд. Ба фитнаҳою саҳнаҳои сохтаи ҳамсараш бовар мекард. Гоҳ - гоҳ ба модараш дод мезад. Кампир бошад, ба ҳақи фарзандаш дуои нек мекард. Аз Худо талаб мекард, ки ба фарзанду келинаш инсоф диҳад. Онҳоро аз роҳи росташ дур насозад. Гандакуниҳои келини Шоистахола он қадар зиёд шуд, ки дар охир писар аз модараш рӯй гардонд. "Хонаву даратон аз саратон монад" гуфта баромада рафт. Модар намедонист, ки чаро ин қадар фарзандаш тағйир ёфтааст ва сабаби аз хона рафтани ӯ чист?

Хуллас, Умед ҳамроҳи завҷааш аз хонаи модар баромада рафт. Ба қавле бо модараш қаҳрӣ шуд.

- Бо модараш қаҳрӣ шуд? Яъне дигар бо модар ҳарф намезад?,- суол дод дугонаи Саида.

- Ҳа, бо модараш қаҳрӣ шуд. Умед ҳар рӯз пиёда аз кӯча гузашта ба кор мерафт. Шоистахола "писарам маро дида оғӯш мекунад, хатояшро мефаҳмад" гуфта, ҳар рӯз саҳари солеҳон ба курсичаи қафои дарвоза менишаст. Вале Умед ба модараш нимнигоҳе намекард. Модар ҳам хомӯш аз қафояш менигаристу бас. Лекин дарун-дарун месӯхт. Хона даромада хунборон мегирист. Қариб се сол ҳамин ҳолат идома ёфт. Дар байн Умед мошиндор шуд. Акнун ӯ аз кӯча бо мошин мегузашт. Ҳангоми гузаштан шишаи мошинро поён карда, бо кибр мерафт. Модар бо чашмони чор аз қафояш менигаристу барояш аз Худо тавфиқ талаб мекард. Ҷойи ҳар фарзанд дигар аст, вале агар боз фарзанде медошт, дарди дил карда, худро сабук мекард. Лекин Умед ягона муттакои дилаш буд.

Ҳамин тавр, ҳамонгунае, ки чашмони ҳазрати Яъқуб (а) дар фироқи ҷигарбандаш ҳазрати Юсуф (а) нобино гашта буд, чашмони Шоистахола нобино гашт. Хола ҳам шабу рӯз мегирист. Ӯ ҳам ин фироқро таҳаммул карда натавонист. Чашмонаш аввал кам-кам хира ва дар охир тамоман намедидагӣ шуданд. Бечора бо чашмони нобино “фарзандам меояд” гуфта, ҳамоно ба курсии қафои дарвоза менишаст. Мошини фарзандаш ки гузашт, оҳиста ба хона медаромад.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД