Армон (ҚИСМИ 5)
598

- Доғи фарзанд ганда дия,- луқма партофт Нурбону.

- Ҳа, доғи фарзанд ганда, лекин зиндаҷудоӣ модарро ҳар рӯз мекуштааст. Фарзандат зинда бошаду бо ту қаҳрӣ бошад, аз назди дарат гузараду туро нигоҳ накунад, салом надиҳад, аз ҳолу аҳволат хабар нагирад, ҳар рӯз як бор кас мемурдааст. Боз медонед чӣ? Барои кампир рӯзғор ҳам намекард. Кампир ёфту тофташро фурӯхта зиндагияшро пеш мебурд.

- Ба ҷанозааш омад?,- кунҷковона пурсид боз Нурбону.

- Ҳа, омад, лекин модар бо дили пураламу пурдард дунёи фониро тарк гуфт. Чашм надошт, ки хате нависад. Ҳабибе надошт, ки дардашро гӯяд. Рӯзе Шоистахола боз чун ҳарвақта ба курсичаи пасти дарвоза нишаст. Чашмонаш намедид, лекин писарам маро мебинад гуфта бо умед менишаст. Умед аз нобиноии модараш хабар надошт. Боз мисли ҳарвақта шишаи мошинро поён карда ба модараш нимнигоҳ карда гузашт. Модар дар даст асо дошт, мошин рафту асои дасташ ба замин афтод, аз паси асо модар ҳам ба замин ғалтид. Умед ин манзараро аз оинаи мошин дида, сӯйи модар шитофт. Модар кайҳо ҷон ба ҳақ таслим карда буд, ҷисми латифаш ях барин сард шуда буд. Умед дод гуфта, ҳамаро ҷеғ зад. Дар як зум тамоми ҳамсояҳо ҷамъ шуданд. Ҳамин тавр, маъракаи азо барпо шуд. Шоистахола барои мурдаву зиндаам гуфта кафан, як миқдор пул ва чизҳои лозимаро гирифта монда будааст. Умед рӯзи марги модар хун мегирист, гоҳ ба ҳуш буду гоҳ беҳуш. Барои ноҳақиҳои ба модараш карда бахшиш мепурсиду тавба мекард. Ин рост буд ё на, лекин дигар на ба Шоистахола нафъ дошту на ба худи Умед, танҳо ба онҳо нафъ дошт, ки аз ин манзара ибрат мегирифтанд, хатоҳои худро ислоҳ мекарданд.

Ҳа, Нурбонуҷон, қиссаи талхи Шоистахола ҳамин аст. Ман ҳам гоҳ-гоҳ аз ҳолаш хабар мегирифтам. Гарм-гарм хӯрок мебурдам, лекин як бор ҳам дар ҳақи келину фарзандаш ҳарфи носазо нагуфт. Ба гуфти шавҳарам, одами нек ки буд, тобуташ чун уқоб мепарид. Акнун моро ана ҳамин ҷо фарор, мо ба манзиламон расидем...

Нурбону Саидаву дугонаашро ба манзилашон расонида, ба хонааш баргашт. Имрӯз аз шунидани чунин қиссаи талх дасташ дигар ба кор нарафт. Ба мағоза даромаду ду сумка майда-чӯйда харид карду аввал ба хонаи хушдоман, баъдан ба назди модараш рафта, онҳоро аёдат кард. Барои хатоҳои кардааш бахшиш пурсид. Хонаву дари хушдоманашро рӯфта, либосҳояшро шуст. Хушдоман "монед, келини хурдӣ мекунад, ҳамин қадар хизмат кардед, кифоя, аз пайи хонаву дари худатон шавед",- мегуфт бо мулоиматӣ.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД