Аз байн солҳо гузаштанд. Чун ҳарвақта Нурбону ронандагӣ мекард. Вақте аз дохили шаҳр мегузашт, назараш ба Саида афтод.
- Саидаҷон, биёед ман ҷойи лозимиятон мебарам.
- Э Нурбону, ин шумоед? Бой мешавед, нашинохтам,- хандида гуфт Саида.
- Ҳа, илоҳо бой шавам. Мисли Шоистахола бойи накӯкор,- солҳо гузашта бошанд ҳам, саргузашти талхи Шоистахола ва некиҳои кардаи ин зани накӯкор дар ёдаш монда буд.
- Омин,- даст бардошт Саида.
- Хӯш, чӣ гапу корҳо?
- Хубу саломат гаштаед? Баъди ҳамон шунидани қисса шуморо надидам. Лекин ин қиссаро ба ҳама муштариёнам мегӯям. Ба он хотир, ки зиндагии Шоистахолаву пушаймониҳои Умед ибрат шавад.
- Ҳаааа, ҳамин тавр онҳо, зиндагии вазнини он кас ба ҳама ибрат шуд.
- Бале. Шумо куҷо равонед? Боз либосҳои мотамӣ пӯшидаед, тинҷӣ аст?
- Тинҷӣ. Гӯям, ҳайрон мешавед. Имрӯз писари Шоистахола Умед ҳам бандагиро ба ҷо овард.
- Э Худо раҳмат кунад.
- Омин. Лекин бисёр азоб кашид. Э ба душманам ҳам рӯзи дидаи вайро нишон надиҳад. Ҳар рӯз арақ нӯшида, "модарҷон, маро бубахш" гуфта мотам мекард. "Забони бо ту ҷангӣ шудаам канда шавад, дигар бо олам сухан гуфта натонам",- гӯён мегирист. Чӣ хеле, ки мехост, инсулт гирифту аз забон монд. Дигар забонаш ба сухан намепечид. Ҳамин тавр, арақ мехӯрду мегирист. Дар охир чашм ҳам аз дидан монд. Занаш ман бо ин алкаш зиндагӣ намекунам гуфта ба хориҷа гурехта рафт.
Рӯзе шавҳарамро дида, хуб дарди дил кардааст. Хонаашро фурӯхта, ба беваю бечораҳо тақсим кард. Худаш дар як даштӣ чодар зада чор моҳ зиндагӣ кард ва дар охир бандагиро ба ҷо овард.
- Дидед, нафаре, ки модарро хору зор мекард, ҳолаш чӣ шуд? Ҳол он ки модар ӯро дуои бад намекард. Баръакс дуои нек мекард, то ба роҳи рост дарояд. Бибиям мегуфтанд, модар гиря не, оҳ кашад, оҳи дилаш мегирад. Барои ҳамин ин фариштаҳои рӯйи заминро дар вақти буданашон қадр кардан лозим. Барои дарди дил кардан, ё дарди дилашро шунидан вақт ҷудо бояд кард. Хоҳиши онҳоро бояд пурсида истод. Имрӯз мо фақат ба модар мушкиламонро мегӯем. Мо бояд фақат ба модар пешравию ривоҷу равнақи корамонро гӯем. Онҳоро бо муваффақиятҳоямон хушнуд созем. Яъне то имкон ҳасту қудрат ҳаст, дар ҳақашон некӣ кунем. Ҳазор - ҳазор дар ҳақаш кори хайр кунему дилбардорӣ кунем ҳам, ҳақи яксоата ранҷи дар роҳи мо кашидаашро адо карда наметавонем. Худ қазоват кунед, ҳар шаб барои фарзандонатон заҳмат мекашед, шабу рӯз барои хурсандии онҳо ҳаракат мекунед. Агар ба пояшон хоре халад, ба дили шумо ханҷар задагӣ барин мешавад.
Ҳа, хуллас, ба шавҳарам Умед чанд рӯз пеш аз вафоташ дарди дил мекунаду мегӯяд: "Ман хатои бузурги нобахшиданӣ кардам. Чашмонам кӯр буд. Бо кибр аз пеши модарам мегузаштам. Нимнигоҳе намекардам. Бори охир бо модарам нанишастам. Аз гарму сардаш, аз хӯрду хӯрокаш бохабар нашудам. Фикр накардам, ки модарам ҳам одам аст, ин кору рафторам ба вай сахт мерасад, дилашро об мекунад ва модар ҳам мемирад. Вале ҳайҳот, ин чизро дер дарк кардам. Ҳоло бо ҳамин ормону дарди вазнин ва гуноҳи нобахшиданӣ мемирам".
Шавҳарам дилбардорӣ мекунанд. Баъди ду рӯзи ин мулоқот мефаҳманд, ки Умед ҳам бандагиро ба ҷо овардааст.
- Нурбонуҷон, маро ҳамин ҷо мебароред. Мағоза даромаданам лозим,- гуфта, Саида аз мошин фаромад.
Нурбону боз дилаш ба модару хушдоманаш гум зад, боз мисли ҳарвақта беҳтарин ширину лазизтарин хӯрокҳо харида, ба аёдати модараш рафт. "Мо ба ҳамдигар ғанимат" мегуфту дастони ӯро бӯсида, ба чашмонаш мемолид.
Абдуғаффор ШОДИЕВ