formula
Қарордод дар бораи бунёди корхонаи мошинсозӣ имзо шуд
241

Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли мошинҳои “электромобил” бунёд мегардад. Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто-гурӯҳ”-и Тоҷикситон ва ширкати “Джинчуен”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми 25 миллион доллари ИМА оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии коронаи муштараки истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар ҷараёни сафари расмии Раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин ба имзо расид.

Тибқи созишнома корхорнаи мазкур дар як сол 1500 электромобил истеҳсол хоҳад кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин чанд қарордоди дигари муфидро ҷиҳати ҳамкории ширкатҳои хусусии Тоҷикистон ва Чин дар ҳаҷми беш аз 400 миллион доллар имзо намуданд.

Аз ҷумла байни ширкати “Азот”-и тоҷик ва ширкати чинии «Рунджонг Холдинг Гуруҳ” созишнома дар ҳаҷми $50 миллион доллар ҷиҳати то ба 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани ҳаҷми истеҳсоли карбамид дар ин корхона ба имзо расид.

Ҳамзамон байни «Азия Кемикал» ва «Рунджонг Холдинг Гуруҳ” дар ҳаҷми 300 миллион доллари Амрико қарордод ҷиҳати кушодани корхонаи нави истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол имзо шуд. Дар ин бора Маркази матбуоти Маҷлиси Миллӣ хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД