formula
Арӯси кал(қисми 6)
4067


Комила ниҳоят кулбори ғаму аламҳои чандинсолаи дилашро боз карда, инони гиряро сар дод. Духтари бадбахт зор-зор мегиристу Мансури аз шунидани ин сирри даҳшатбор моту мабҳутгашта намедонист…

Раҳораҳ духтари бадбахт ҳиққосзанон мегиристу ба саволҳои ҷавон ҷавоб намедод. Пас аз чандин бор пурсидани Мансур Комила сарашро бардошта бо садои гиряолуд гуфт:

-Ёдат ҳаст, ки чи тавр гапи ҳардуямон дар сари чашма гурехту ту маро дуои бад кардӣ? Ҳамон дуоят маро гирифт. Дар газ сӯхтам, сарам, рӯю мӯям сӯхта хокистар шуд. Сатр мепӯшидам, то мардум кал шуданамро нафаҳманд, вале шаби тӯям сиррам фош гашт. Шавҳарам сатрамро аз сарам кашида гирифт ва афту башараи хунуки маро дида, фиғон кашид: «Зани кали аҷинасурат ба ман даркор нест. Як умр бе зан мегардаму бо чунин маймун зиндагӣ намекунам!» Хусуру хушдоманам маро зада-зада аз дарашон берун карданд. Дар қишлоқ шарманда шудам, шарманда!!!

Комила ниҳоят кулбори ғаму аламҳои чандинсолаи дилашро боз карда, мегуфту мегирист, Мансур аз шунидани ин сир моту мабҳут гашта буд. Ниҳоят ҷавон сукути сангинро шикаста пурсид:

-Духтурҳо чӣ мегӯянд?

-Духтурҳо чӣ мегуфтанд, ҷарроҳӣ кардан лозим мегӯянд,-даст афшонд Комила ва бо рӯймолчаи аз оби дида таршудааш чашмонашро пок кард.

-Роҳаш будааст, барои чӣ ғамгин мешавӣ,-ҳайрон шуд Мансур.

- Медонӣ барои ин чӣ қадар пул даркор аст?! Мо дар ду дунё чунин пули калон кор карда наметавонем! Бечора падару бародаронам аробаи зиндагиашонро ба зӯр мекашонанд,- навмедона ҷавоб дод духтар.

-Комилаҷон, ғам нахӯр, дар кадом ҳолате, ки набошӣ, ту ба ман даркорӣ,-беҷуръатона аз дасти духтар дошта гуфт Мансур ва ба модари Комила рӯ оварда афзуд:-Холаҷон, агар шумо зид набошед, ҳамин бегоҳ ман модарамро ба хонаатон барои хостгорӣ кардани Комила мефиристам.

-Гумон надоштам, ки мани бадбахтро бераҳмона мазоқу масхара мекунӣ! Туро одам гумон карда, дарди дил кардам,-Комила озурдахотирона майли аз мошин фаромадан кард.

-Куҷо меравӣ, ист, ман туро масхара накарда истодаам! Дӯстат медоштам, ҳоло ҳам дӯст медорам, барои ҳамин мехоҳам риштаи тақдирамро бо ту пайвандам. Илтимос, Комила, не нагӯй!

Модари Комила эҳсос кард, ки ҷавонон ба ҳамдигар гуфтаниҳои зиёде доранд ва «танҳо ба танҳо гап занед» гӯён, оҳиста аз мошин фаромад. Мансур дурудароз бо Комила суҳбат карда, ниҳоят ӯро ба ҷиддӣ будани азмаш бовар кунонд ва духтар розӣ шуд, ки бегоҳ ҷавон модарашро ба хонаи онҳо хостгорӣ фиристад.

Рашки ҳамсоя

Модари Мансур бо дастурхонҳои калон-калони пур аз кулчаю тӯшаю мағзу мавиз ба хонаи волидони Комила хостгорӣ омад, зеро медонист, ки як маротиба шавҳар карда бошад ҳам, келиншаванда ҳанӯз духтар аст. Хостгоронро бо хурсандӣ пешвоз гирифта, ҷавононро фотиҳа карданд. Тӯй ду ҳафта пас бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гашт. Комила худро бори дуввум арӯс карда, куртаи барфсон сафеду фата пӯшид. Одамизод бе душман намешудааст, ба бахти ҳамин духтараки азобдида ҳам ҳасад бурда, баъзе ҳамсояҳои морзабон ба модари Комила шунавонда истода аз паси арӯс пичинг зананд: «Худованд ба ҳар кару кӯр бахт медодааст! Духтари калашро як бор ба шавҳар дод, нодухтар баромад, ин занаки шаттоҳ шарм надошта, бори дуюм «парипайкари ноздонаи гулбадан»-ро бо валвалаю дағдаға шӯ дода истодааст! Фоҳишаю нодухтарҳо хушбахту духтарҳои гул барин хушрӯи бо иффат ва панҷ панҷааашон ҳунари мо аз бахт бенасиб, дар хонаи падар пирдухтар шуда истодаанд...»

Бахти дуюм чун асал

Мансур, ки акнун ҷавонмарди сарватманд буду дасти дароз дошт, тӯйро бо шукуҳу дабдаба гузаронида, арӯсашро ба хориҷа барои истироҳату табобат бурд. Комила ҳамроҳи шавҳари меҳрубонаш тамоми ҷойҳои аҷибу дидании Амрикоро тамошо карда, дар назди табибони номдор табобат мегирифт. Дар се моҳи табобат мӯйи сараш баромад. Амали мӯяш бисёр хуб буд ва як сол пас, дигар касе ба калиаш бовар намекард. Гесӯвони Комила дар бадали як сол ба китфонаш расиданд. Хурсандии Мансурро ҳадду канор набуд, гесӯвони мушкини ҳамсарашро мебӯсиду мебӯид ва худоро сад бор шукр мегуфт, ки Комилаашро дубора зебою чилгазамӯй кардааст. Ҳаёти оилавиашон даҳчанд ширин гашт, вақте ки Комила хабари ҳомиладор шуданашро ба шавҳараш расонд. Мансури ташнаи фарзанд пас аз шунидани ин пайки хуш дигар намемонд, ки Комила дасташро ба оби хунук занад. Рӯи даст мебардошт нозанинашро ҷавони ба ишқу ошиқӣ вафодор ва дар моҳи ҳафтуми ҳомиладориаш Комиларо ба Душанбе овард, то тифлакашро дар пеши назари модараш таваллуд кунад..


Марде, ки бо марди дигар наздикӣ мекунад, дар қиёмат ӯро чӣ интизор аст? Оё дини мубини ислом ба иваз намудани ҷинс иҷозат медиҳад?

 


Вохӯрӣ дар таваллудхона

Рӯзу соати ҳомиладориаш пур шуду Камиларо чордарди зодан гирифт. Мансур дарҳол ҳамсарашро ба таваллудхона бурд. Дар даромадгоҳи таваллудхона ногоҳ чашми Комила ба чеҳраи шиносе афтид ва беихтиёр оҳ гуфт. Ин чеҳраи ошно шавҳари якумаш Комрон буд ва аз дасти занаки безебаки шикамдамидае дошта, барои аз зинаҳо фаромаданаш ёрӣ мерасонд. Дарёфт, ки ҷавонзан ҳамсари Комрон аст. «Кирои маро кали маймун гуфта шармандавор аз дар берун карданат ягон паричеҳраро нагирифтӣ, ки мардум ба ҳолат наханданд» дар дилаш ба Комрон муроҷиат намуда, худ ба худ пичирос зад Комила, зеро бо дидани шавҳари золимаш рӯзҳои талхи гузашта дар оинаи хаёлаш ҷилвагар гаштанд. Ҳарду ҷавонзанро якбора ба толори зоишгоҳ дароварданд ва баъди ним соат Комилаю ҳамсари Комрон дар як вақт таваллуд карданд. Фарқият танҳо дар он буд, ки Комила писар зоиду зани Комрон духтарча таваллуд кард. Мансур хурсандона ба пайвандонаш занг зада, шодиёна мегирифт, Комрон бошад, чашмашро аз шавҳари ҷавону зебою хушбахти Комила наканда, маънидорона лаб мегазид.

Пушаймонии дермонда

Се рӯз пас Комилаю тифлакашро аз таваллудхона ҷавоб доданд. Ҳангоме, ки гулу гулдастаҳои зебо дар бағал аз бозуи шавҳари хушқаду қомати тифли парпеч дар дасташ дошта ба саҳни таваллудхона баромад, чашмаш боз ба Комрон афтид. Шавҳари якумаш барои бурдани зану фарзандаш омада буд, вале чашмашро аз Комилаи нозанини дар зару зевар ғутидаи хушбахт намеканд. Комила эҳсос кард, ки Комрон нобоварона ба кокулонаш менигарад, хандааш омад ва вақти аз бараш гузаштан оҳиста пичирос зад: «Ин парик нест ҷаноб! Ҳайрон нашавед, Худованд муъҷизаҳои бисёре дорад, барои диданашон сабур бояд буд!» Комрон сар ба зер афканда дар ҷавоб чизе нагуфт. Ин дам модараш тифлаки парпеч дар бағал ҳамсарашро аз таваллудхона баровард. Комрон гоҳ ба занаш менигаристу гоҳ ба Комилаи хандон, ки тифл дар бағал ҳамроҳи шавҳару пайвандонаш пайдарҳам расм мегирифт, Комила шир барин сап-сафед, хушқаду қомат ва чеҳрааш гул барин шукуфон буд, ҳамсари вай бошад, сип-сиёҳаки миёнақади ғундача, бар замми ин, қошу қавоқаш овезон, гӯё азодор бошад. Эҳсоси пушаймонӣ дилашро ба дард овард ва оҳи сарде кашида, худ ба худ иқрор шуд: «Комила бе мӯйи сар ҳам аз зани гирифтаи ман сад бор зеботар аст!» Комрон оҳи сард кашида, афсӯс хӯрд, ки парӣ барин духтарро аз даст додааст, вале дигар чархи зиндагиро ба қафо тоб дода намешуд.

Тиргав

Мансур Комилаи тилфи парпеч дар бағалро бо эҳтироми зиёд ва ҳазлу шӯхӣ ба лимузин шинонда, дари мошинро пӯшид. Пайвандони Комила ба ду мошини дигар нишастанду ин корвони зебои самандҳои фӯлодин ба роҳ баромад. Лимузинро бо гулу хирсакчаҳои зебо чунон оро дода буданд, ки ҳаваси ҳар одами дидагӣ меомад. Комрон ҳанӯз аз мошини зебое, ки дилу ҷонашро ба сӯзиш оварда, бахти аввалашро аз ӯ рабуд, чашм намеканд. Даҳони кандаи Комронро дида, занаш Таҳмина омирона садо кард:

-Ҳа мардак, ин занак кӣ буд, ки бо диданаш оби даҳонат шорид?!

Комронро овози ғулии занаш ба худ овард ва оҳи сарде кашида гуфт:

-Як ҳамкурсам буд. Аз афташ вай маро нашинохт.

-Маро гӯсола гумон накун мардак, шукри худо ақлу ҳушам дар ҷояш аст! Ягон кас аз паси ҳамкурсаш ин қадар бо ҳавас нигоҳ намекунад! Кадом фоҳишаи як шаб дар бағалат хобидаро дида, зану фарзандатро аз ёд баровардӣ-а?!

-Кошкӣ ақаллан як шаб дар бағалаб мехобид,-ин гап бе ихтиёр аз даҳони Комрон баромада, оташи ғазаби ҳамсараш Таҳминаи шаттоҳро ончунон аланга занонд, ки….

(Давомашро фардо соати 21 интизор бошед)

 

 
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД