28-уми октябр варзишгарони паралимпии Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои V параосиёӣ дар Ҷопон иштирок карданд, ба Ватан баргаштанд.
Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони соҳаи варзиш, наздикону пайвандон ва ҳаводорони варзиш истиқбол гирифтанд.
Бозиҳои V параосиёӣ аз 18 то 24-уми октябри соли 2026 дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи Ҷопон баргузор шуданд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 варзишгар, аз ҷумла 9 мард ва як зан, дар шаш намуди варзиш намояндагӣ карданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқа як медали нуқра ба даст овард. Ин медалро Шоҳрух Назаров дар намуди пара-дзюдо, дар вазни то 81 килограмм (синфи J1), соҳиб шуд. Ӯ дар рақобати финалӣ аз намояндаи Ӯзбекистон мағлуб шуда, мақоми дуюмро гирифт.
Ин аввалин медали Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои параосиёӣ мебошад.