Commerce bank may-june 2026
Арӯси раис (ҚИСМИ 2)
111

Зарина бо ин марди пири айшпараст ошиқӣ карда, фақат гӯшвора, зиреҳҳои тилоӣ мехарид. Ин мард батамом Маҷнун гашта, гуфт, ки “зани дуюми ман мешавӣ”.

Зарина хуб пофишорӣ карду сипас шарти қатъӣ гузошт:

- Ба шарте аз шавҳарам ҷудо мешавам, ки ту аз занат қонунӣ ҷудо мешавӣ ва маро бо обрӯ мегирӣ, ба номам мошин ва хонаи панҷҳуҷрагӣ дар пойтахт мехарӣ. Вагарна умедатро аз ман кан.

Довар, ки чашмонаш аз ишқ кӯр шуда буд, дигар зану кӯдаконашро намедид. Ба ҳама шартҳои ин ҷавонзани зебо розӣ шуд. Ҳатто шарм накарда, ба назди хусуру хушдомани Зарина омада таҳдид кард, ки ба хубӣ келинро ҷавоб диҳанд. Онҳо аз ин марди бадкирдор тарсида, ба писарашон занг зада зорӣ карданд, ки зани сабукпояшро ба хубӣ сар диҳад.

Аммо Хуршед мафтуни арӯсакаш, ба ин гапҳо тамоман бовар накард. Ӯ бо занаш дар тамос шуда, асли воқеаро пурсид. Зарина бе ягон шарму номус дағалона гуфт:

- Маро сар деҳ. Ман шӯ мекунам, раисро мегирам. Арӯси раис мешавам. Дар зиндагӣ ҳама чиз фақат ба хотири пул аст. Ишқу муҳаббат дурӯғ аст.

Хуршед дар он шаҳри мусофирӣ вақте ин суханҳои бешармонаву бераҳмонаро аз забони Зарина шунид, гӯё осмон ба сараш чаппа шуд. Дар он шаҳри мусофирии сард, вақте садои Зарина аз гӯшии телефон мисли тири заҳролуд ба дили Хуршед нишаст, ӯ дигар мадори истодан накард. Хуршед дар кунҷи ҳуҷраи танги иҷорааш ба замин нишаст ва сарашро миёни ду дасташ гирифта, чунон зор-зор гирист, ки гӯё тамоми дунё ба сараш чаппа шуда бошад. Ӯ ба деворҳои сарди он хонаи бегона нигоҳ карда, рӯзҳои аввали шиносоӣ, хандаҳои Зарина ва ваъдаҳои дурӯғини ӯро ба ёд меовард ва аз дард дилаш пора-пора мешуд. Муҳоҷират акнун барои ӯ ба як зиндони бераҳм бадал гашта буд.

​Зарина бошад, дар ин вақт дар ноҳия ҳатто мунтазири хати талоқ аз шавҳари ҷавону ошиқаш нашуд. Ӯро пулу сарват ва мошини мерседеси раис чунон кӯр ва бепарво карда буд, ки ҳама чиз, ҳатто номуси заниро зери по кард. Ӯ чизу чораашро аз хонаи хусураш хомӯшона ҷамъ кард ва бе ягон шарм ба хонаи модараш рафт, то барои тӯйи наваш омодагӣ бинад.

​Раиси райпо - Довар барои ин арӯси нави соҳибҷамолаш як маъракаи чунон калону дабдабанок орост, ки дар тамоми ноҳия овоза шуд. Ӯ барои Зарина аз пойтахт сарояндаҳои машҳурро овард ва дар рӯзи тӯй дар байн истода, бо ғурур эълон кард, ки ин зан шоҳдухтари ҳаёти ӯ аст.

Дар ҳамин лаҳзаҳо зани аввали Довар бо панҷ фарзанди хурдсолаш дар кӯчаҳои шаҳр овора буданд. Кӯдакони бенавои раис бо ашкҳои равон ба дари хонаи падар мерафтанд, вале Довар онҳоро аз даргоҳаш пеш мекард ва фарёди гиряолудашонро умуман намешунид.

Мардуми деҳа ба ин дабдабаи Зарина ва Довар нигоҳ карда, паси сар мегуфтанд, ки ин издивоҷ дар хуни дили як модар ва ашки ятимон бино шудааст ва оқибати хуб надорад.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД