arzon replenishment
Арӯси шаттахӯрда домоди муштзӯрро бахшид, вале...
1046

 

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори пурсару садое паҳн гашта буд, ки аз як тӯйи арӯсӣ бардошта шудааст.

Дар навор дида мешуд, ки чи тавр домод дар сари тахти арӯсиву домодӣ арӯсаки нозанинро мезанад. Пас аз нашри он навори ҳангомавӣ иддае аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ иддао намуданд, ки ин ҳодиса як сол қабл рӯй дода, шаҳӯ арӯс бо сабаби он моҷарои тақдирсӯз аз ҳам ҷудо шудаанд, вале билохира ҳақиқат рӯйи об баромад....

Маълум шуд, ки ҳодиса ҳамагӣ ду ҳафта қабл рӯй дода, он тӯйи пурмоҷаро санаи 6-уми июн дар Вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон барпо гаштааст. Тавре ки расонаҳои ӯзбекӣ, аз ҷумла Газета.uz менависад, бо сабаби аризаи шикоятӣ нанавиштани арӯс ва пайвандонаш нисбати домод ин ҷавони муштзӯр аз ҷавобгарӣ дар амон мондааст.
Домоди муштзӯр аз арӯс бахшиш пурсида, ваъда додааст, ки дигар ин корро такрор намекунад.

«Дӯстонам барои мо як озмунча ташкил карданд. Вақте ки духтар, яъне арӯс дар ин озмун ғолиб омад, ман ҳамчун мард дар назди меҳмонон сахт шарм доштам ва худам нафаҳмида мондам, ки чи тавр ба сари арӯс даст бардошта, ӯро задам. Ин нофаҳмиро мо аллакай байни худ ҳал кардем. Ман аз арӯс ва пайвандонаш бахшиш пурсидам ва ваъда додам, ки дигар ин корро такрор намекунам”-гуфтааст домоди беандеша.

Модари арӯс суханони домодро тасдиқ карда, гуфтааст, ки онҳо ба хотири як нофаҳмӣ вайрон шудани оилаи ҷавонро пешгирӣ намуда, бо панду насиҳат ҷавононро ба мусолиҳа оварданд. Тӯй баъди бахшиш пурсидани шаҳбачаи бадқаҳр ва пайвандонаш дубора идома ёфта, имрӯзҳо духтару домодаш бо ҳам зиндагӣ карда истодаанд.

Маълум мешавад, ки ин ҷуфт ҳанӯз як сол қабл фотиҳа шуда будаанд, аммо тӯяшон 9-июни соли равон барпо гашта, баъди чанд рӯз, аниқараш 15 –уми июн шаҳодатномаи ақди никоҳро гирифтаанд.
Пас аз паҳн шудани он навори ҳангомавӣдар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони мақомот хостаанд барои майдаавбошӣ ҷавонро ба ҷавобгарӣ кашанд, аммо шикоят накардани арӯс ва пайвадонаш боис гашт, ки домоди бадқаҳру муштзӯр аз ҷавобгарӣ дар амон бимонад.

Албатта бахшидани камбудӣ ва гуноҳҳои ҳамдигар дар ҳаёти оилавӣ хеле муҳим ва дар баъзе ҳолатҳо зарур ҳам ҳаст, вале дили бузургу пай дар пай гуноҳҳои мардро бахшидани зан гоҳо боиси он мегардад, ки марди аз ҷавобгарӣ дар амон монда, тамоман аз худ рафта, ба сари зан даст бардоштану баҳудаву беҳуда ӯро лату кӯб кардан барояш як амали маъмулӣ мегардад. Зӯроварӣ нисбати занон падидаи хеле баде мебошад, ки паёмадҳои нохушро ба бор меорад ва бадбахтона баъзан кор ҳатто бо куштори зан ба дасти шавҳар анҷом ёфта метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД