Arzon march 2024
Арӯсро модар интихоб кунад беҳтар аст ё писар?
15.04.2023
Дилошӯб
1226


Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» шоира Зарафшони Хуросон мебошанд. Саволи мо ба ин бонуи эҷодкору ширинкалом чунин буд:

-Ишқро пойдевори оила мегӯянд, оё бе ишқ ҳам издивоҷ бобарор буда метавонад?

-Саволи шумо хеле мураккабу то имрӯз дар маърази баҳсҳо ҳал нашудааст. Ман бо итминони комил мегӯям, ки аз сад ҳаштод фисади оилаҳо, бе ишқ умр ба сар мебаранд ва оила то охир пойдор мемонад.

Ин мавзӯъ хеле доманадору пурмуаммо аст, шумо саволро ба ман додеду ба ёдам гуфтор ва дарди дили як шахсияти маъруф омад, ки мо риштаи хешу таборӣ ҳам дорем. Боре дар як сӯҳбат аз вай пурсидам, ки янгаамро дӯст медоред?

Чун ҳамсӯҳбати ман марди хеле донишмандест, дар посух гуфт:

-Медонед чӣ? Мо 40 сол боз зиндагӣ мекунем, шаш фарзанд дорем, занам духтари аммаам аст ва чӣ хеле шумо медонед, занам хеле зани хубест. Камбудие надорад ва зиндагии шоистае ҳам дорем, кӯшиш мекунам занамро хафа накунам, чун модари фарзандон ва гармии хонадони ман аст.

Ҳангоми зинда будани падарам худро тасалло медодам, ки занам духтари хоҳари падарам аст ва ҳамин, ки падарам аз олам рафт, ман аз ӯ бо шарту шароит ҷудо мешавам. Вақте падарам фавтид, мо аллакай панҷ фарзанд доштем… Имрӯз фарзандонам инсонҳои хубе ба воя расидаанд, ман ба хотири онҳо худамро қурбонӣ кардам.

Ҳамин рақам оилаҳоро зиёд дидаам, ки зиндагиашон идома дорад ва боз оилаҳое ҳастанд, ки бо ишқу муҳаббат хонадор шудаву бо ҷангу ҷанҷол аз ҳам ҷудо шудаанд. Ё зиндагӣ кунанд ҳам, ҳаёташон ширин нест, ин як муаммоест, ки онро то ҳол касе накушодааст.
Дар охир як чизро мегӯям, ки бояд ҳангоми хонадор намудани фарзанд фикри ӯро ба назар бигирем. Бигузор интихоб аз ҷавонон бошад, волидайн маслиҳатгару ҳодии эшон гарданд. Албатта агар ишқ байни ду инсони бофарҳангу бомаърифат бошад, пойдевори хуби зиндагияшон мешавад.
Суҳбаторо Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД