Formula novemver 2024
Арвоҳ (ҚИСМИ 2)
3420

Ба чор тараф чашм давондам. Аз ҳаяҷон чанд қадам ба пеш гузоштам. Аз қафоям се – чор мусофир низ хавотир шуда, давида омаданд. Дар ҷое, ки занро дида будам, кўдаке гирён менишаст. Тифлро бардошта, ба синаам зер кардам ва боз ба атроф нигоҳ кардам. Ҳоло ҳам гумон доштам, ки зан дар ҳамин наздикиҳост.

Аз тарафи деҳа марде ҳарсасзанон давида омад. Дастонашро дароз карда, хост, ки бачаро гирад.

- Кўдакро бе назорат мондед!,- ба сараш дод задам.- Агар зане пеши фалокатро намегирифт, ҳатман ба зиндон меафтидам.

- Модари ин кўдак ду сол пеш аз олам гузашт, - мард тифлро аз дастам гирифт.- Падараш зани ҷоҳил гирифту ҷони ин кўдак дар азоб монд. Аз ҷабру зулми он аблаҳ Наҷот ду маротиба худро аз ҳаёт маҳрум карданӣ шуд. Бори аввал ў худро ба наҳри Қизилсў партофт. Бачаҳо овози занеро, ки баланд дод мезадааст: “Наҷотамро наҷот диҳед” шунида, бачаро аз об кашида мебароранд. Дафъаи дуюм марди раҳгузар овози занеро мешунавад: “Наҷот дар оғил худро ба дор овехтааст, ўро аз банд раҳо кунед”. Мард давида, ба оғил медарояд ва мебинад, ки дар ҳақиқат бача дар ҳалқадаваки арғамчин овезон аст. Шитобон кўдакро аз банд раҳо мекунад.

- Ман ҳамон занро дидам ва овозашро шунидам, - Тўхтамурод аз банди дасти мард гирифт ва онҳо дукаса ба атроф чашм давонданд. Касеро надида, аз ҳайрат ҳарду баробар китф боло кашиданд. Пасон дилам ба ҳоли кўдак сўхта, аз мард пурсидам:- Наход падараш пеши роҳи бадфеълии занашро нагирифта бошад?

- Э, шумо ҳам одами сода будаед, - киноя зад мард.- Мо худамон чандин маротиба ба Ҳасан насиҳату маслиҳат додем. Вале бе натиҷа.

- Магар ту занеро надидӣ, ки ба пешвози қатора чун паранда парвоз дошт?,- синчакорона ба рўйи кўдак нигаристам.

- Не, надидам,- бо овози паст посух дод бача ва илова кард.- Вале ҳар шаб модарам ба хобам даромада мегуфт:- Бачаҷон туро одамони нек наҷот медиҳанд.

- Акнун чӣ кор карданиед?,- рўй ба тарафи мард гардондам.

- Ба хонаи кўдакон бурда месупорам ва тарбияи ин наврасро ба зиммаи худ мегирам,- мард ба саволам ҳамин тавр ҷавоб дода, тоб хўрда, ба тарафи деҳа гом бардошт.

- Ана, аз ҳамон рўзи ҳодиса ҳамон рўҳ доимо дар пеши назарам ҷилвагар ҳаст, - Тўхтамурод даст аз пеши чашмонаш гузаронд. Гўиё пардаеро як тараф карданӣ шуд.

Дар зери таъсири ин қиссаи ваҳмангезу даҳшатнок меҳмонон сар ба зер гирифтанд.

- Шумо ба пешвози офтоб сафар доштед, - пас аз сукути бардавом олим ба шарҳи ҳодиса гузашт, - дар рўшноии нури хуршед заррачаҳои намноки ҳаво ба назаратон симои занро тасвир кунондаст. Ҳамон тавре, ки пас аз боридани борон камони ҳафтранг пайдо мешавад. Чунин ҳолат дар биёбонҳо низ рўй медиҳад. Аз тафси офтоби нимрўзӣ қуми регзор бўғ шуда, ба ҳаво мепарад ва аз лапиши он дар назари саёҳону савдогарон ё кўли пуроб ва ё боғистони сердарахт намоён мегардад.

- Майлаш, ба ин ақидаи шумо розӣ мешавам, - Тўхтамурод дар ҷояш ҷумбида монд.- Вале пайдо шудани овозро чӣ тавр мефаҳмонед?

- Ҳозир шумо худатон гуфтед, ки ба сафар бо дили нохоҳм баромадед,- олим аз натиҷаи хулосааш хурсанд гардид, ки ин дафъа ба овозаш оҳанги қатъият бахшид.- Ҳангоми ҳаракати поезд торҳои асабатон таранг шуда, бар ивази он аз ларзиши қатора ба гўшатон ҳар гуна овозҳо даромадаанд. Шабаҳу овоз бо ҳам пайваста дар назаратон парвози рўҳи зиндаро намудор кардааст. Ҳамин тариқ боз такрор мекунам, ки ҳеҷ гуна рўҳи зинда вуҷуд надорад.

- Беҳтараш бигўед, ки, - аз хулосаи олим Тўхтамурод қонеъ нагардида, ў гардан нафаровард ва назари худро бо таъна баён намуд,- ҳоло илми ҳозира дар кашфи ин асрори табиат оҷиз мебошад.

- Чӣ тавре, ки фаҳмед,- маълум буд, ки олим ба давом додани баҳс майл надорад. Гузашта аз ин Бекназар табақи оши палави хушбўйро ба мобайни дастурхон гузошта, ҳамаро ба тановули он даъват намуд.

Аз он мубоҳисаи илмӣ солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, аммо нақши ин ҳодисаи асроромези табиат дар хотири ман пайи чуқур гузошт ва аз ҳамин хотир, қарор додам, ки онро пешкаши хонандагони гиромиқадр, ки ба чунин воқеаҳои аҷоиби ҳаётӣ майлу рағбати бепоён доранд, кунам.

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД