Arzon march 2024
Ҷасади Ҷамшедро аз партовгоҳ ёфтанд
4330


Тавре ки ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар доданд, ҷасади як марди тахминан 35-40 соларо аз патовгоҳи маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе пайдо кардаанд...

Яке аз шоҳидони ҳодиса бо шарти ошкор накардани ному насабаш тафсилоти ин ҳодисаи нохушро ба хабарнигорони сомона нақл карда, чунин гуфт: “Соатҳои 4-и субҳ Заррина ном сокини маҳаллаи 91-уми пойтахт бо нияти партофтани партов ба партовгоҳ рафта, ҳангоми холӣ кардани сатили партов чашмаш ба ҷасади пур аз хуну халафи як марди зиёинамо меафтад. Бо дидани ин манзара зан ба даҳшат афтида, доду фиғон мебардорад, ки ҳой мардум, як одамро кушта дар партовгоҳ партофтаанд. Бо шунидани фиғони ҷонкоҳи ин зан дигар сокинони бино низ бедор шуда, ба ҷойи ҳодиса меоянд ва бо дидани ҷасад дарҳол ба милиса хабар медиҳанд...”
Аз рӯйи гуфти се нафар шоҳидони ҳодиса, ки аз ишфо намудани ному насабашон худдорӣ карданд, баъдан маълум гаштааст, ки марди кушташуда Ҷамшед ном дошта, дар яке аз бонкҳои пойтахт ба сифати эксперт кор мекардааст. Бо сабабҳои ҳанӯз номаълум ҳамон бегоҳ ин мард аз кор бисёр дер бар мегардад. Ҷамшедро дар наздикии хонааш корд зада, ҷасадашро ба партовгоҳ мепартоянд. Як марди майзадаро ҳамчун гумонбар дар куштори ин корманди бонк дастгир намудаанд, аммо айни замон маълум нест, ки Ҷамшедро маҳз ҳамин мард ба ҳалокат расонидааст ё куштори корманди бонк фармоишӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
???? 2019-08-01, 22:50
Кадом беинсофе кардааст Худо ҷазояшро диҳад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
???? 2019-08-01, 22:50
Кадом беинсофе кардааст Худо ҷазояшро диҳад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД