formula
Худкушии домоди нармода
09.06.2019
Р. Азимӣ
3871

 

Наход, ки писари яккаву ягонааш Назар мисли писари Малика Калонтарова нармода бошад-а?!

Аз ин андешаи мағшуш хун дар рагҳои мӯйсафед ях баста, зери лаб аз Худованд илтиҷо мекард: Парвардигоро, моро аз чунин шармандагӣ дар паноҳи худ нигоҳбон бош....

Изтироби падар

Тӯйи домодии Назар торафт наздик мешуду дили падараш Карим-амак рӯз то рӯз нооромтар мегашт. Мӯйсафед пешомади бадеро ҳис кардагӣ барин, чанд рӯз боз сабру қарори худро аз даст дода буд. “Худоё, чаро ман ин қадар парешону ноором ҳастам? Ин фикрҳои бадро аз сари ман дур кун Худоҷон ва писари яккаву ягонаамро дар паноҳат нигаҳбон бош”,- мегуфт Карим-амак худ ба худ ва дастҳо паси пушт беқаророна дар рӯйи ҳавлӣ гаштугузор карда, лаб мегазид. Ҳамсараш, холаи Шарифа аз сарҷунбонӣ ва худ ба худ ғур-ғур кардани мӯйсафед ба ташвиш афтида, хавотиромез мегуфт:

-Ҳой мардак, тинҷӣ аст, охир чаро ба ҷойи аз паси харид ва дигар камбудиҳои тӯй шудан рӯзи дароз дар рӯйи ҳавлӣ бе кор гашта, худ ба худ гап мезанед?

Карим-амак гапҳои занашро шунавад ҳам, тамоман ба ӯ аҳамият намедод, чунки хаёлан дар олами дигар буд.

-Ҳой мӯйсафед, чаро ба даҳонатон об гирифтагӣ барин чизе намегӯед? Мабодо ягон ҷин ё парӣ ба шумо ёр нашуда бошад?-Шӯхӣ мекард Шарифа-хола, то ки диққати шавҳарашро ба худ ҷалб созад.

Вақти дигар мебуд, барои чунин ҳазли ноҷо Карим–амак очаи зори занашро дар чашмаш нишон медод, аммо ҳоло дар дили мӯйсафед чизе намеғунҷид. Вай аз он ҳарос дошт, ки хоби даҳшатноки чанд рӯз пеш дидааш амалӣ гашта, тӯй ба мотам табдил наёбад...

Хоби даҳшатнок

Ҳамон шабе, ки Назарро бо духтари ҳамсоя фотиҳа карда, шоду хурсанд ба хона баргаштанд, мӯйсафед хоб дид. Хоби даҳшатнок. Писараш дар хобаш ба духтар табдил ёфта буд. Назар дар сараш тоқии мардонаю дар тан куртаи занонаи сап-сафеди арӯсӣ дошт ва ҷонҳавл медавид. Карим-амак аз паси писараш давида, ӯро нигоҳ доштан мехост, вале Назар ҷониби қабристон тоб хӯрд. Ҳамин вақт даҳони гӯри куҳнае калон кушода шуд ва аз он аждаҳое берун шуда, Назарро бо ҳамон либосҳои арӯсиаш фурӯ бурд. Хун ба чор тараф пош хӯрда, сару рӯйи мӯйсафеди падараш пур аз хуни Назар гашт...

Карим-амак фиғони талхе кашида бедор шуд. Дилаш аз шиддати тарсу ҳарос гурс-гурс зада, қариб ба кафидан расида буд. Хост ба берун баромада, дасту рӯяшро шӯяд, вале дар танаш гӯё ҷону мадор намонда бошад, ҳатто қувват накард, ки аз бистари хоб бархезад...

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин ҳамин вақт хурӯси ҳамсояи рӯ ба рӯ ҷеғ зад. “Эй сари соҳибатро хӯрӣ, мурғи аҳмақ” ғурунгос зад зери лаб мӯйсафед...

Дил-гувоҳи ҳақ

Аз рӯзе, ки ҳамин хоби даҳшатнокро дидааст, дили Карим-амак ҳеҷ орому қарор намегирад. Чаро дар хобаш Назар дар сараш тоқии мардонаю дар танаш либоси занона дошт? Вай аз кӣ ва барои чӣ мегурехт? Чаро ба ягон тарафи дигар нею маҳз ҷониби гӯристони куҳна давид? Аждаҳое, ки Назарро фурӯ бурд, чӣ бошад?!

Мӯйсафед соатҳо фикр мекард, вале ҳеҷ таъбири хобашро ёфта наметавонист. Мехост худро тасаллӣ диҳад, ки фасли баҳор аст ва шояд ӯ хоби баҳорӣ дида бошад, аммо лаҳзаҳои кӯдакии писараш ба ёдаш расида, изтироби қаблаш торафт бештару бештар мегашт...

Бачаи дугонабоз

Назар аз кӯдакӣ бештар ба духтаракон ва чизҳои духтарона шавқу ҳавас дошт. Чашми падару модарашро хато карда, лӯхтакбозӣ мекард ё лентаҳои духтаронаро ба мӯйҳояш баста, баъд бо шавқ худашро дар оина тамошо мекард. Падараш барои апаҳояш ягон либоси нав харад, зуд ба хона медаромад ва дарро аз дарун маҳкам карда, он либосҳоро дар тани худаш чен мекард. Карим-амак як рӯз бо чашмони худаш дид, ки писараш куртаи духтарона пӯшида, мисли раққосаҳои тӯйгард пайкарашро ҷунбондаю ларзонда рақс карда истодааст ва тамоми кӯдакони ҳамсоя ӯро тамошо доранд. Вай барои ин кораш Назарро сарзаниш карда, ҳатто чанд шаппотӣ зад, вале писараш бо алам гиря карда бошад ҳам, одати духтарфеълиашро напартофт. Назар на дар деҳа ва на дар мактаб ягон ҷӯра надошт, вай танҳо бо духтарҳо шину хез ва суҳбату дӯстӣ мекард...

Аввалҳо амаки Карим гумон мекард, ки писараш калонтар шавад, ақлаш ба сараш зада, марди ҳақиқӣ мешавад, вале Назар мактабро хатм карда бошад ҳам, ба ягон духтар бо чашми харидорӣ нигоҳ намекард. Духтарҳо барои ӯ ҳамоно мисли дугона буданду халос.

Дуҷинса

Карим-амак ба рафтори писараш он қадар аҳамияти ҷиддӣ намедод, то вақте ки дар барномаи “Пуст говорят”-и Русия раққосаи номдор Малика Қаландароваро надид. Вақте фаҳмид, ки писари Малика-Артур ҷарроҳии пластикӣ гузаронида, худашро духтар кардааст, ҳуш аз сари мӯйсафед парид, зеро дар тӯли умри 70-солааш ба зан табдил ёфтани мардро бори аввал мешунид. Артур нақл мекард, ки чӣ хел аз кӯдакӣ дилаш барои чизҳои духтарона гум мезад ва аз аҳли оилаашон пинҳонӣ парикҳои модарашро ба сараш монда, шодӣ мекард....

Нақли писари Маликаро бо даҳони воз гӯш карда, мӯйсафед кӯдакии писари худашро ба ёд меовард ва Назар бо куртаи духтароа рақсон пеши назараш омада, ба танаш вараҷа медавид. Наход, ки писари яккаву ягонаи онҳо-Назар мисли писари Малика нармода бошад-а?! Аз ин андешаи мағшуш хун дар рагҳои мӯйсафед ях баста, зери лаб аз Худованд илтиҷо мекард: Парвардигоро, моро аз чунин шармандагӣ дар паноҳи худ нигоҳбон бош!

Занқимоб

Духтарҳо як-як шавҳар карда ба хонаҳои худ рафтанду пиру кампир бо писари ягонаашон Назар танҳо монданд. Дар айёми пирӣ тани танҳо саришта кардани тамоми кору бори хона барои Шарифа-хола бисёр душвор буд. Карим-амак чанд маротиба масъалаи хонадор кардани Назарро ба миён гузошта пурсид, ки агар ягон духтари таги чашм кардагӣ дошта бошад, бигӯяд, то ки бо кулчаю тӯша ба хостгорӣ рафта, зудтар аз пайи тӯй шаванд ва келин дасти кампири модарашро сабук гардонад, вале Назар ба даҳонаш об гирифтагӣ барин, чизе намегуфт ё гапро ба дигар тараф бурда, ин кори хайрро кашол медод. Пиру кампир ба хулосае омаданд, ки писарашон ҳунари арӯсбозӣ надорад ва худашон аз паси кофтани келин шуданд...

Арӯси худӣ

Пиру кампир аз дуру наздик хеле келин кофта бошанд ҳам, ягон арӯси ба табъи дилашон мувофиқ ёфта натавонистанд. Қиссаи келинкобии онҳоро шунида, як бегоҳ домоди калониашон гуфт:

-Амакҷон, холаҷон, беҳуда аз ким-куҷо як бегонаи ноошноро ба хонаатон оварда, сари бе ғавғоятонро дар бало гирифтор накунед. Беҳтараш ягон духтари ҳамсояатонро келин кунед, чунки баду неки ҳамсояро фақат ҳамсоя медонад...

Ҳамин суҳбат боис гашту пиру кампир миёнашонро маҳкам баста, ба хонаи яке аз ҳамсояҳояшон хостгорӣ рафта, Шабнамро ба Назар фотиҳа карданд. Арӯсшаванда духтари зебои панҷ панҷааш ҳунар буд ва нисфи бачаҳои деҳа ӯро талабгор буданд, вале падару модараш “Назар бачаи хуби оромтабиат аст, аз шумоён ҳам дар ҳамин қадар соли ҳамсоягӣ ягон бадӣ надидаем” гӯён, дарҳол ба тӯй розигӣ доданд.

Пиру кампир дар куртаашон намеғунҷиданд, ки писари ягонаашонро хонадор карда, орзую ормон мешикананд, вале...

Исёни домод

Назар гиря карда гуфт, ки ҳоло ҷавон асту зан гирифтан намехоҳад, рафта фотиҳаро гардонанд, вале падару модараш тавалло мекарданд, ки онҳоро дар назди дӯсту душман шарманда накунад. Кор ба ҷое расид, ки Назар мехост худаш ба назди Шабнам рафта, аз ӯ бахшиш пурсад ва фотиҳаро гардонад, вале падараш дар наздаш шарт гузошта гуфт, ки агар ин корро кунад, ӯро оқ карда дар ду дунё гуноҳашро намебахшад. Шарифа-хола низ зор-зор гиря карда гуфт, ки ширашро ба осмон мепошад, агар Назар орзуҳои ӯро ба хоки сиёҳ яксон карда, тӯйро вайрон кунад....

Ҷавон дар байни обу оташ монда, чанд рӯз мисли девонаҳо бо ҳоли парешон гашт. Вай на бо касе гап мезад ва на чизе ба даҳон мебурд. Падару модараш ба ташвиш афтида, домуллои номдореро оварданд ва Назарро дуохонӣ карданд. Пас аз куфу суфи домулло Салим ҷавон гӯё ба худ омада, чеҳрааш кушода шуд ва ба хотири падару модараш ба тӯй розигӣ дод, аммо...

Тӯйи маҷбурӣ

Карим-амак ва Шарифа-хола бо кӯмаки духтару домодҳояшон тӯйи зебое оростанд ва бо рақсу бозӣ сари писари ягонаашонро ҷуфт карда, орзую ормони худро шикастанд. Назар зоҳиран хушбахт менамуд ва ҳатто дар ҷавоби табрики хешу табор зери лаб табассум мекард. Рафтори писарашон дили пиру кампирро таскин бахшид, ки Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад ва Назар бо арӯсаш ширу қаймоқ барин ҷону ҷигар шуда, зиндагии ширин ба сар мебаранд, аммо...

Фоҷиа дар таги чодари арӯсӣ

Субҳи рӯзи дигар ҳанӯз садои бонги хурӯс набаромада, фиғони талхи кампири Шарифа ба фалак печид. Карим-амак бо шунидани фиғони ҷонкоҳи ҳамсараш ҷомаашро сари китф партофта, ба берун давид.

-Хонаамон сӯхт мӯйсафед, хонаамон сӯхт! Назар.... Назар.... Назар....

-Оромона гап зан охир, ба Назар чӣ шудааст,-асабӣ шуд Карим-амак.

-Назар худашро дар оғили гов дор кашидааст,-модари зор инро гуфту мисли чанори аз решааш бурида гурсосзанон ба замин афтид..

Мӯйсафед ҳатто ҳамсарашро аз замин набардошта, ҷонҳавл ҷониби молхона давид ва дид, ки ҷисми писари навдомодаш дар байни оғил дар расан овезон алвонҷ хӯрда истодааст....

Сирри ҷонгудоз

Ҷисми бе ҷони Назари ғӯрамаргро бо фиғону нолаҳои ҷонгудоз ба хок супурданд. Баъди гӯру чӯб кардани домоди ормонӣ арӯсаки сиёҳбахт бо ашки шашқатор ба апаҳои шавҳараш нақл кард, ки шаб Назар тамоман ба ӯ наздикӣ накарда, иқрор шудааст, ки худашро на мард, балки зан ҳис мекунад. Қарибиҳои субҳдам Назар бо чашмони пуроб арӯсашро ба оғӯш гирифта гуфтааст: “Маро бубахш, ки туро сиёҳбахт кардам. Ман фақат мехостам, ки падару модари пирам аз дунё ормонӣ нарафта, дар қади ман ҷомаи домодиро бубинанд ва орзую ҳавасҳои дилашонро шикананд...”

Бо ҳамин суханон Назар бори аввалину охирин аз пешонии арӯсаш бӯсида, аз хона мебарояд ва....

Субҳ модараш ба оғилхона говҷӯшӣ даромада, ҷисми беҷони Назарро дар расан овезон мебинад...

Хона не, лонаи чуғз

Шарифа-хола ба доғи писари навшаҳаш тоб наоварда, рӯзи ҳафти Назари ҷавонмарг ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҷисми абгори модари дилсӯхтаро дар паҳлӯи писари зебои ғӯрамаргаш ба хок супурданд. Арӯси сиёҳбахти Назар аз танҳо мондан дар ин ҳавлии калон тарсида, ҳатто маъракаҳои мотамии шавҳару хушдоманашро нагузаронда, ба хонаи волидонаш рафт. Духтарҳо низ баъди додани чили модар аз паси зиндагии худашон шуда, як-як ба хонаҳояшон баргаштанд...

Карим-амак дар ҳавлии калони бе одам, ки мисли гӯристони куҳна даҳшатовар гаштааст, танҳои танҳо монда, худашро мисли чуғзе эҳсос мекунад, ки дар лонаи вайронае маскан дорад. Мӯйсафед шабу рӯз оби дида рехта, Худоро зорӣ мекунад, ки ҷони ӯро бигирад, то ки ба назди писари ормонӣ ва кампири меҳрубонаш равад, аммо риштаи маргу зиндагӣ дар ихтиёри инсон нест...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД