Ҷасади як нафар наврас, ки хабари гум шуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархид, аз дарё ёфт шудааст.
Гуфта мешуд, ки наврас Бобоҷонов Ёсинҷон, соли таваллудаш 2011, хонандаи синфи 8-и МТМУ №67-и шаҳри Исфара будааст.
Тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ аз рӯзи 3-юми феврали соли 2026, тақрибан аз соати 18:00 бедарак шудааст.