Тӯли шаш моҳи соли равон дар зиндонҳои вилояти Хатлон 13 нафар маҳбӯсон оиладор шуда, никоҳи худро расман ба қайд гирифтаанд. Дар ин хусус Шараф Чилазодда, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба гуфти Чилазода 6 ақди никоҳ дар зиндони шаҳри Бохтар баста шуда, 7 маҳбӯс дар маҳбаси ноҳияи Ёвон ақди никоҳ бастаанд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон бастани ақди никоҳ бо шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ, яъне зиндон қарор доранд, иҷозат дода мешавад, аммо ин раванд тартиби махсуси худро дорад. Шахси дар зиндон буда бояд аризаи алоҳида навишта, имзои худро аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ тасдиқ кунонад. Ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) пешниҳод карда шуда, бо розигии сардори маҳбас никоҳ дар худи маҳбас ба қайд гирифта мешавад.