Асрори азал (ҚИСМИ 2)
1007

Аслан мардум ба аёдати онҳое, ки бемори ваҳмак ё ба қавли дигар ҷинвараю паривараанд, кам мераванд, ба истиснои хешу табору пайвандон. Аммо холаи Амонат дар зарфе хӯроки гарм ва дар рӯймолчае аз себи ҷавпазаки ҳавлияш чида, аввал ба хабаргирии Сапеда рафт.

Келинчаки зебо бо чашмони хунгирифтаи беқарор мисли оҳубарраи сур ба мардум менигарист ва пайт меҷуст, ки хеста гурезад. Хушдоману модараш аз ин ҳоли Сапеда хун мехӯрданд. “Духтарам ягон дард надошт, намедонам чӣ бало расид”,- лаби қарси сафедашро ба чашмони тараш бурда, мегуфт модари арӯс.

Зани усто бошад, хиҷолатманд сар ба зер афканда, пичиррос зад:

- Шаб шавҳарашро бедор накарда, худаш танҳо ба берун баромадааст, духтари беақл…

Духтури деҳа ба ҷисми бемор дору гузаронида, ба холаи Амонат рӯ оварда, оҳиста гуфт:

- Дар ин ҳолатҳо илми тиб оҷиз аст, хуб мешуд дуояш хонанд.

Хола дар навбати худ ба зани Усто-Умрон муроҷиат намуд:

- Дугона, ба писаратон фаромоед, ки рафта Қорӣ-Маҳмадҷонро биёрад, арӯсро хондан лозим. Худатон духтари мулло ҳастед ва аз ман хубтар медонед, ки дар ин гуна вазъият сураҳои «Қуръон» беҳтарин давобахши рӯҳи бемори инсон мегарданд.

Худи ҳамон рӯз пас аз чошт аҳли хонаи усто гуфтаи холаи Амонатро амалӣ карданд. Овози фораму ширадори мулло ҳатто то хонаи хола мерасид, зеро хонаи арӯсаки бемор ду хона болотар аз манзили онҳо воқеъ буд.

Рӯзи дигар холаи Амонат ба хабаргирии писари кампири Холмоҳ рафт. Ризо баръакси Сапеда хеле ором ба як нуқта нигариста, на об менӯшиду на чизе ба даҳон мебурд, умуман аз забон монда буд. Мулло болои сараш мехонд. Кампири Холмоҳ, ки се писарро бе падар ба воя расонида буд, зор-зор мегирист ва сабаби ба ин ҳол афтодани писарашро шарҳ дода наметавонист.

Холаи Амонат бо димоғи сӯхта ба хонааш баргашт, вале аз келинаш хабари беҳтар гаштани ҳоли Сапедаро шунида, каме хурсанд шуд…

Рӯзи дигар келину писараш ба маъракаи хоҳари келинаш рафтанд, зодрӯзи писараш будааст. Бобои Нур бошад, сарам сахт дард мекунад гӯён доруҳои фишорбаландияшро хӯрда, пас аз хондани намози хуфтан ба бистар даромад. Холаи Амонат рӯи кати зери ҳавозаи ангур дар равшании чароғ ба майда кардани райҳонҳои хушккардашудааш машғул шуд. Аслан ӯ барвақт мехобиду субҳи солеҳон мехест, вале имрӯз мехост писару келин ва набераҳояшро пешвоз гирифта, баъд ба бистар дарояд. Дар кунҷи дил аз дер кардани пайвандонаш мушавваш бошад, ҳам боз худро тасалло медод:

- Мон суҳбат карда, дуди дил бароранд, аз пушти кору ташвиши рӯзгор як дами беғам намезананд.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД