Номи маро халқ гузоштааст...
Ман дар Балҷувон ба дунё омадаам. Он рӯз ба падарам тозон нафаре омада хабар мерасонад: Ака, севанчӣ тед, духтарча ба дунё омад. Мардуми он ҷо буда, падарамро табрик мекунанд ва мегӯянд, ки дар рӯзи бисёр нағз, дар рӯзи ид ба дунё омад ва номашро бигзор Марям монед ва падарам ин таклифро қабул мекунанд.
Шиква ба падар
Боре зимни кор дар театр ба падарам шиква кардам.
- Дадаҷон ман ҳамин хел серкор, ки фақат шаб 4-5 соат хоб меравам. Кор дар театр, кино, дубляж, фаъолияти депутатӣ, сафарҳои хориҷа ва ғайра...Ба тавре бо падарам “рози дил” кардам.
- Духатарам, магар ту намедонӣ ки кадом рӯз ба дунё омадаӣ?
- Медонам, 1- уми май.
- Бале, дар рӯзи меҳнаткашон ва халқ ба ту ном гузошт. Аз ин хотир ту бояд доимо дар хизмати халқ бошӣ...
Ҳунари асил
Ҳунарманд дар ҳама ҳолат, новобаста аз шароит дар фикри ҳунару сайқали истеъдод аст. Агар монеа пеш ояд, ҳунраманд мисли моҳие берун аз об мешавад. Аз ин хотир набояд ба ҳунарманд монеа эҷод намуда, садди роҳи ӯ шавем ва ё озодии ӯро маҳдуд намоем. Шахсиятҳои сарсупурда дар ҳама соҳаҳо ҳастанд ва шояд ин сифатҳо ирсӣ аст ва ё замони таваллуд шудан ба инсон меояд.
Вақте дар Маскав, дар ГИТИС донишҷӯ будем, тахминан 100 метр дуртар аз мо Консерватрия ҷойгир буд ва онҷо Аҳмад Ббоқулов таҳсил мекарданд. Рӯзе барои барномаи кори дипломиашон даъватнома оварданд ва мо ба толори консерватория рафтем. Аъзои ҳакамон аз Италия ва дигар давлатҳои хориҷӣ низ омада буданд. Пештар низ робитаҳои хорҷӣ буданд ва маънои мазмуни калоне доштанд. Бобоқулов арияи итолийвии «Смейся поятс» - ро сароиданд. Ончунон бо эҳсос ва маҳорати баланд хонанд, ки дар авҷи суруд ҳатто қандилҳои толор ба ларзиш даромаданд. Онҳо, яъне узви ҳакамон, ки аз 6 нафар иборат буданд, аз ҷой хеста кафкӯбии дурудароз намуданд. Бубинед ки замони Шъравӣ чи тавр ҷавонони мо дар шаҳрои дур таҳсил намуда баргаштанду мисли дурдонаи нотакроре ба ватани худ хизмат намуданд. Онҳо аз паси пулу молу хона ё мошин намегаштанд, балки доимо дар хизмати халқи худ буданд. Маҳз замин шахсиятҳо ва шаҳсутунҳо номи миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Хизмат ба халқ
Бо тақозои пешаи падар мо дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон манзил мебастем ва ҷои зиндагии худро зуд зуд иваз мекардем. Боре аз падарам пурсидам, ки чаро мо доимо аз ин минтақа ба минтақаи дигар кӯч мебандем ва ҷои зисти муайян надорем?
Падарам гуфтанд, ки духтарҷон, ин сиёсати замон аст, ки мо бояд драр ҳама минтақаҳо кор кунем, бояд доимо дар хизмати залқ бошем. Яъне замони Шӯравӣ ба хотири дар як минтақа реша надавондану роҳ надодан ба шиносбозию хешутаборбозӣ зуд-зуд мансабдорон ҷои зисту фаъолияти худро иваз менамуданд. Оре, шиори онҳо хизмат ба халқ буд.
Хушбахтӣ чист?
Хушбахтиро бо як сухану бо як ҷумла, ё як китоб тасаввур карда намешавад. Ҳаёти иносн аз як лаҳза, як дам иборат аст. Ҳаррӯз лаҳзаҳое мешавад, ки ба шумо хушбахтӣ меорад ва ё азобу машаққат иборат аст. Чаро мо азобу душвориро дорем? Зеро душмани асосии одам худи одам аст.
Падарам мегуфтанд, ки душманат пашша бошад, филаш дон. Пашша хеле доно аст, фил тавоно аст. Аммо пашша душман шавад ба гуши фил даромада, майнаашро фалаҷ карда, филро аз по меафтонад. Одамони бахилу ҳасудхур одатан қасосгир мешаванд ва онҳо ҷаннат надоранд. Замоне онҳо ҳама корро дар ихтиёр доранд ва метавонанд, аммо рӯзе мешавад, ки аз байн мераванд.
Мусоҳибон:
Мутриба ТУЙЧИЗОДА,
Насрулло ТУЙЧИЗОДА