Arzon march 2024
Асрорзода Убайдулло: "Донишҷӯёни ятим аз пардохти таҳсил озоданд"
806

 

Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо зиёда аз 70 ширкатҳо ватанӣ ва 200 корхонаву идораҳои давлатӣ ҳамкориро дао самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба роҳ мондааст. 

Исроил Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълими ин нуқтаро дар нишасти имрӯзаи хабарӣ қайд карда, илова намуд, ки аз 4000 донишҷӯёне, ки таҳсил менамоянд, тақрибан 560 донишҷӯ ба таҷрибаи таҷрибаомӯзии пеш аз дипломӣ сафарбар карда шудаанд, ки онҳо аллакай имкон доранд, баъд аз хатми донишгоҳ ба кор қабул карда мешаванд.

 

Асрорзода Убайдулло, ректори Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳи ва соҳибкорӣ Тоҷикистон ба саволи он ки шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар кадом сатҳ аст, чунин посух дод: " Дохилшавии донишҷӯёни хориҷӣ дар соли 2018 20 40 нафар буд ва имсол зиёда аз 500 нафар аллакай довталабон ба филиалҳои Донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷат супоридааст." 

Лозим ба ёдоварист, ки раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятим, маъюбон имтиёзҳо додааст.

 

Масалан, 13 донишҷӯи ятими кулл пурра аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, аз якуми январи соли ҷорӣ ба онҳо стипендия раёсати донишгоҳ дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД