arzon replenishment
Қатли муллои бачабоз
14.06.2019
Дилошӯб
9208

 

 

Ришашро қабза-қабза канданд, нохунҳояшро бо анбӯр кашида гирифтанд, сарашро бо табар аз тан ҷудо карданд...

  Субҳи хунин

Ҳанӯз субҳ надамида фиғони талху ҷонхарош ахли деҳаро аз хоб бедор кард: -Падарамро куштанд! Мардум падарамро бераҳмона куштанд!!!

Хурду калон дарҳол соҳиби овозро шинохтанд. Ин садои талхи пур аз дард аз фазои хонаи домуллои машҳур-Мулло Идрис ба фалак мепечид ва овози писари ягонаи ин хонадон буд. Мардум аз шунидани ин хабари даҳшатнок ба ваҳшат афтида осемасар ба кӯчаи болои қишлоқ, ки хонаи домулло дар он ҷо воқеъ гашта буд, давиданд.

Даҳшат

Домулло чанд соли охир аз аҳли оилааш ҷудо, аниқтараш дар поёни боғи калонаш зиндагӣ мекард ва шабҳо набераи ҳафтсолааш Алишер ҳамроҳаш мехобид. Вақте ки дари хоначаи хурдакаки домуллоро кушода ба он сар халонданд, ҳатто ба тани мардҳои ҳузарби ба паҳлавонӣ ном бароварда низ мурғак дамида дасту пойҳояшон ба ларза даромад. Ҷиҳози хона пур аз хуну халаф буд. Ҷисми ба хоку хун оғӯштаи мулло Идрис дар як гӯшаи хона мехобиду сари аз тан ҷудогаштааш дар гӯшаи дигар, дар кунҷи сеюм қотил ё қотилон олоти куштор-табари хунолудро партофта рафта буданд. Маълум буд, ки домуллоро пеш аз маргаш бисёр азоб дода бо садҳо ранҷу ситам куштаанд. Қабза-қабза мӯю риши дар ҷо-ҷои хона афтода аз часпу талошҳои зиёди байни қотилу мақтул дарак медоданд.

-Нохунҳои муллоро бо анбӯр канда гирифтаанд-е!-Гиребони тавба дошта нидо кард яке аз ҳамсояҳо.

-Табарро партофта рафтанашон гувоҳи он аст, ки қотил аз фош гаштан наметарсад,-хулоса намуд марди дигар.

-Яқин аст, ки ин корро ба хотири қасос гирифтан кардаанд, бинед, ҷаллодҳо ягон хаси хонаро нагирифтаанд,-ҳад зад раиси маҳалла.

–Ҳа, дузд мебуданд, дасту пойи муллоро баста пулу молашро мерабуданд, вале ба сейф ҳатто даст нарасондаанд,-сухани раисро тасдиқ намуд ҳамсояи девордармиёни Муллои Идрис.

Ин дам садои бонги пуризтироби мошини милиса баланд шуда риштаи суҳбати мардонро бурид. Раиси маҳалла омадани ҳомиёни қонунро дида мардумро аз хона баровард. Кормандони милиса ва табибон пасопеш аз дар даромаданд ва кори тафтишотӣ оғоз ёфт. Яке аз шоҳидон баёнот мегирифт, дигарӣ олоти кушторро аз назар мегузаронд, саввумӣ нақшаи ҷои ҳодисаро мекашид…

Одатан субҳи ин деҳа бо садои маоси гову гӯсола ва бузу бузғолаҳо оғоз меёфт, вале имрӯз ба пода сар додани чорво ба ёди ягон кас намерасид. Хурду калон дар назди хонаи мулло ҷамъ шуда бо даҳшат дар боби марги фоҷиавии Мулло Идрис ба ҳамдигар нақл мекарданд.

   Муллои «селовард»

Деҳаи Сабздара воқеан ҳам ба номаш зебанда ва қариб тамоми фасли сол махмалпӯш буд. Арчаҳои садсолаи дар пуштаҳо рӯида ҳатто дар фасли зимистон ҳам қабояшонро дигар накарда ин деҳаро ба як гӯшаи биҳишт монанд мекарданд. Аҳли ин деҳаи хурдакак ҳамдигарро хуб мешинохтанд, зеро пушт ба пушташон дар ҳамин диёр зиндагӣ карда, Сабздара барояшон сарзамини аҷдодӣ маҳсуб меёфт. Ягона одами «бегона» дар ин деҳа ҳамин Мулло Идрис буд. Тақрибан бист-сӣ сол пеш аз ин воқеаи хунин дар деҳа марди тахминан 40-45-солае пайдо шуда, худро хатмкардаи мадрасаи Бухоро ва марди Худо эълон кард ва гуфт, ки мехоҳад дар ҳамин гӯшаи ба равзаи ризвон монанд макон гирад. Ҳамроҳи мулло ҳамсараш низ буд ва бари рӯяшро бо рӯймоли калоне печонда аз мардҳо рӯяшро мепӯшонд. Мардуми дилкушоди Сабздара «Марди Худо»-ро хуб қабул намуданд. Кампири Марям, пиразани бефарзанде, ки ягона пушту паноҳаш, шавҳараш чанд сол пештар аз олам гузашта буд, аҳли оилаи муллоро «ғариб» гӯён, дар хонааш ҷой дод. Кампир хеле хурсанд шуд, ки дигар азоби танҳоӣ намекашад, чунки дар ин диёр ягон хешу табор надошт. Шавҳари раҳматиаш ӯро замони аскарӣ аз Озарбойҷон оварда буд. Хешу табори шавҳараш дар маркази ноҳия зиндагӣ мекарданд ва баъди вафоти мӯйсафед қариб, ки аз аҳволи кампири Марям хабар намегирифтанд. Мулло хост замини санглохи пояи куҳро тоза карда ба андохтани иморат оғоз намояд, вале кампири Марям таклиф кард:

-Бачам, мани кампир офтоби сари куҳ шуда мондаам. Хонаву дар дигар ба мани ғариб чӣ даркор?! Дар хонаи ман бемалол зиндагӣ кардан гиред! Ягон вақт серпул, ки шудӣ, ин хонаҳои фарсударо чаппа карда дар ҷояшон хонаҳои нав месозӣ…

Ин таклифи пиразан барои мулло айни муддао буд ва «Марди Худо» худоро шукр гуфта аз паси таъмир кардани дару девори ҳавлӣ шуд. Мардум байни худ мулло Идрисро «Муллои селовард» меномиданд, вале беҳурматӣ карданро ба ин «марди Худо» ба худ эб надида, эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.

Мушкилкушои Сабздара

Оҳиста- оҳиста номи муллои Сабздарагӣ дар ноҳияҳои гирду атроф паҳн гашта аз маркази ноҳия, баъдтар аз вилоятҳо ва ҳатто аз худи пойтахт ба наздаш одамон меомадагӣ шуданд. Дар байни ихлосмандони Мулло Идрис одамони рутбадору соҳибвазифа ҳам буданд ва ихлос карда барояш назру ниёзи бисёре меоварданд. Дар байни чанд сол Мулло Идрис аз ҳисоби «каромот» ва «муъҷизаҳо»-и нестандарҷаҳонаш, ки муридонаш дар байни мардум нақл карда, овозаю ҳангома менамуданд, обрӯю нуфузи зиёд пайдо карда шуҳраташ ба фалак дакка хӯрд. Акнун қариб нисфи мардуми деҳа дар хизмати «Марди Худо» буданд. Волидон духтаракони қадрасу писаракони наврасашонро «савоб мешавад» гӯён, ба хизмати мулло мефиристоданд, то барои меҳмонҳои бешумори мулло зиёфат ороянд. Духтарон дар хонаи мулло ба руфту рӯб, писарон бошанд ба ҳезумшиканию дастобгирӣ ва дигар корҳо банд буданд.

Дар осмони ғурур

Бурути домуллоро дигар табар намебурид. Дар тан либосҳои оҳарии сап-сафеду дар сар саллаи сабзи пайғамбарона ниҳода дар ҳавлии қасрмонандаш, ки баъди марги кампири Марям дар ҷои хонаҳои фарсудаи пиразани бесоҳиб аз ҳибоси нарзу ниёзи ихлосмандонаш сохта буд, бовиқор қадам мезаду ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки замоне як ғариби ба бурдаи нон зор буд ва ҳамин мардум раҳму шавқат намуда ӯро дар деҳаашон ҷо доданду нури дида намуданд. Муллои машҳур ба дараҷае мағрур шуда буд, ки ҳатто дар рӯзҳои иду айём қатори дигар мардон ба хонаи ҳамдеҳагонаш даромада ба арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа хонданро ба худ эб намедид.

Муаллими шаккок

Муллои машҳур танҳо ба як кас маъқул набуд-муаллим Саломиддин. Ин ҷавони аз илмҳои индунёиву ондунёӣ бохабар, ки факултаи шарқшиносиро хатм карда, забони арабиро хеле хуб медонист, заррае ба каромоту муъҷизаҳои «Марди Худо» бовар накарда, ошкоро мегуфт, ки Мулло Идрис чалласавод аст, маънои сураҳои мехондаашро намефаҳмад. Боре дар як маърака мулло аз ҳад зиёд ба амри маъруф дода шуд ва косаи сабри Саломиддини бебок лабрез гашта аз ӯ пурсид:

-Домулло, шумо кадом мадрасаро хатм кардаеду пайвандонатон аз кадом хоканд? Асли ватанатон куҷост ва чаро деҳаи моро интихоб намудед? Мабодо гаҳвораатон аз осмон фуруд наомадааст?!

Мулло лола барин суп-сурх шуд, вале ба хашм омада бошад ҳам, худро нигаҳ дошту гуфт:

-Саломиддин, ҷӯра, ман аз волидайнам хеле хурд ятим мондаму як домуллои зӯр маро ба фарзандӣ қабул кард. Ҳамон падархондам тамоми нозукиҳои дини исломро бароям омӯзонд ва баъди хатми мактаб маро ба назди устодаш ба яке аз мадрасаҳои Бухорои шариф фиристод. Чандин сол дар он ҷо сабақ гирифта, илми илоҳиро омӯхтам. Вақте ки ба ватанам баргаштам, аллакай пирам аз олам гузашта буд. Фарзандонаш гуфтанд, ки ту акнун ба камол расидаӣ, раҳатро мустақилона ёб, додар! Таваккал карда ба диёри шумо омадам ва ин ҷо иззату обрӯ ёфтам. Магар ягон кори хато кардаам?

-Маро ҷавоби шумо қаноатманд накард,-Боз густохӣ намуд Саломиддин, вале мардони солор ишорат карданд, ки домуллоро беш аз ин шарм надоронад.

Бо ҳамин баҳси муаллиму мулло ба охир расид, вале чанд рӯз пас Саломиддин ба кофтани аспи аз тавила раҳо гаштааш ба куҳ рафту аз ҷарие парида гарданаш шикаст. Муридони мулло марги тасодуфии ин ҷавонмарди фарҳангиро аз шаккокияш ба марди Худо унвон карданд, вале бархе ҳадс мезаданд, ки марги Саломиддин тасодуфӣ набуд…

Шогирдон ё ғуломон?

Хонаи Мулло Идрис бозори гардонро мемонд. Рӯзе набуд, ки ихлосмандонаш аз дарвозаи домулло панҷ-шаш гову гӯсфандро кашолакунон надароранд. Халтаҳои орду биринҷу қанду қандалоти ҳамчун дастовез ба хонаи муллои соҳибкаромот меовардаи корафтодаҳо бошад, ҳисоб надоштанд. Чор зани мулло ҳавсала намекарданд, ки пашшаҳои дар гирду атрофашон ҷамъшударо дур кунанд, тамоми кору бори хонаи сермеҳмони «Марди худо» ба зиммаи духтаракони камбағал ва шогирдони мулло вогузор шуда буд. Шогирдони Мулло Идрис бо тоқичаҳои сафед маъюс мегаштанд. Чеҳраҳои ҳамеша ғамзада ва ранги ба заъфарон шабеҳашонро дида кас гумон мекард, ки онҳо на ба сабақомӯзӣ, балки ба хизматгорӣ омадаанд ё зиндонӣ ҳастанд, вале касе ҷуръат намекард сабаби руҳафтодагии ин бачаҳоро бипурсад. Мардум бо дидани мошини сиёҳи хориҷии муллои машҳури Сабздара ду даст пеши бар гирифта як тараф меистоданд. Мулло Идрис чунон фарбеҳ шуда буд, ки ба ҷуволи гӯшт шабоҳат дошт.

Миш-миш-пресс

Мулло Идрис ҳар ҳафта ду-се нафар шогирдони наврасашро гирифта ба шаҳр мерафт. Мардуми кунҷкови деҳа ин амали муллоро ҳар хел шарҳ медоданд. Яке мегуфт, ки мулло дар шаҳр зани ҷавон дорад, дигарӣ ҳадс мезад, ки мулло Идрис бачабоз аст, шогирдонашро ба ҷойҳои хилват бурда бачабозӣ мекунад, баъзе корафтодагон низ овозаю ҳангомаҳои «миш-миш-пресс»-ро об дода, қасам мехӯрданд, ки мулло қасди таҷовуз намуданашонро кардаасту ба зӯр аз дасташ халос хӯрдаанд, нафароне ҳам буданд, ки қасам хӯрда мегуфтанд:

-Ин мулло бо найрангҳои ҳаромаш ягон рӯз сарашро мехурад. Худозада, аз ғазаби Парвардигор натарсида дар бадани занҳо сураҳои мубораки Қуръонро менависад-е!

Оҳиста-оҳиста қадру қимати мулло паст шудан гирифт ва шумораи корафтодагону нарзу ниёзи меовардаашон ҳам рӯ ба коҳиш ниҳод. Акнун Мулло Идрис бо баҳонаи «пир шудаам» аз занҳояш ҷудо зиндагӣ мекард. Муридонаш барои ӯ дар поёни боғи калонаш хоначаи алоҳида сохта дода буданд ва Мулло Идрис ҳамроҳи набераи ҳафтсолааш Алишер дар ҳамон «кулбаи эҳзон» зиндагӣ карда, ягон-ягон корафтодаҳоро қабул мекард.

Қотил ёфт нашуд

Тани бе сару сари бе тани муллоро ба халтаҳои махсус андохта бурданд. Мардуми ба даҳшат афтода чанд моҳ гӯш ба қимор буданд, ки қотили муллоро ёфта ҷазои сазовор медиҳанд, вале тафтишот ба кӯчаи сарбаста даромада монд. Кормандони мақомот на дар олоти куштор-табар ва на дар дигар ҷойи хона ягон изи панҷа ё ангушти қотил ё қотилонро пайдо карда натавонистанд. Шоҳиди ягонаи ин куштори даҳшатнок-набераи хурдакаки Мулло Идрис-Алишер бошад, аз тарс гунг шуда се рӯз пас ҷон ба ҷонофарин супурд…

                                                                                                  

Поделиться новостью
Шарҳ
(8)
Абдурахим 2019-06-14, 18:00
Фикр мекунам хамон мулло бачаи хамин муаллиф кати бачабози накарда бошад?
Посух
Тигр 2019-06-14, 19:44
Намаки миллат занад шумо рузноманигорони "Оила" - ро бо чунин маколахои бофтаи по дар хавои фачу лачатон! Муаллифи ин макола то чунон хайвону девона будаст, ки хатто номи маколааш ба маънии дохилаш рост намеояд.
Посух
хулоса 2019-06-14, 21:59
Хулосаш ?????
Посух
Дарди сар. 2019-06-14, 22:00
Ин якум серия буд ё полная версия?
Посух
Нарр 2019-06-15, 13:22
Нафашмидум. Ягонкас ошкоро қапидай басабозиша ё не ?
Посух
Сипехр 2019-06-15, 15:29
Аксари онхое, ки аз худ муллову домулло ва г. метарошанд ифлостарин табакаи чомеъа хастанд. Худоро шукр, ки дар давлати дуняви зиндагони менамоем.
Посух
Номдор 2019-06-16, 01:02
Вой бар ҳолатон харҳои сагмиҷоз
Посух
ЁРИ ҶӮРА 2019-08-31, 18:54
Кино кунед ин қиссаи бофтаро кинои хуб мешавад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(8)
Абдурахим 2019-06-14, 18:00
Фикр мекунам хамон мулло бачаи хамин муаллиф кати бачабози накарда бошад?
Посух
Тигр 2019-06-14, 19:44
Намаки миллат занад шумо рузноманигорони "Оила" - ро бо чунин маколахои бофтаи по дар хавои фачу лачатон! Муаллифи ин макола то чунон хайвону девона будаст, ки хатто номи маколааш ба маънии дохилаш рост намеояд.
Посух
хулоса 2019-06-14, 21:59
Хулосаш ?????
Посух
Дарди сар. 2019-06-14, 22:00
Ин якум серия буд ё полная версия?
Посух
Нарр 2019-06-15, 13:22
Нафашмидум. Ягонкас ошкоро қапидай басабозиша ё не ?
Посух
Сипехр 2019-06-15, 15:29
Аксари онхое, ки аз худ муллову домулло ва г. метарошанд ифлостарин табакаи чомеъа хастанд. Худоро шукр, ки дар давлати дуняви зиндагони менамоем.
Посух
Номдор 2019-06-16, 01:02
Вой бар ҳолатон харҳои сагмиҷоз
Посух
ЁРИ ҶӮРА 2019-08-31, 18:54
Кино кунед ин қиссаи бофтаро кинои хуб мешавад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД