arzon replenishment
Ҷавони 28- сола бо силоҳ ба мактаб ҳамла карду...
809


Дар яке аз мактабҳои шаҳри Нашвилли штати Теннесси ИМА фоҷиаи хунин рух дод, ки бар асари он 6 кас ҷон бохтанд.

Расонаҳои маҳалӣ хабар медиҳанд, ки Одри Ҳайле, ҷавони 28- сола бо яроқ мусаллаҳ гашта ба мактаби хусусии масеҳии “Аҳднома” ворид шуда тирпарронӣ кардааст. Дар натиҷаи шаш нафар-се одами калонсол ва се кӯдак ба ҳалокат расидаанд.


Аз наворҳио камераҳои назоратии мактаб, ки кормандони полиси ин шаҳр нашр карданд, дида мешавад, ки қотил то таваққуфгоҳ мошин ронда, аз дари даромад, ки калону шишагӣ аст, тир холӣ мекунад ва ворид мешавад. Баъд аз ворид шудан, чанд дари дигарро кушода, дар дохили бино тирандозӣ мекунад.

Муайян кардаанд, ки қотил соати 9:47 бо мошин ҷониби мактаб равон шуда, кормандони пулис баъд аз 14 дақиқаи ҳамла қотилро куштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД