goodwell
Авсунам маро мезанад
06.06.2026
Oila.tj
204

Ман ҷавонзани 20-сола ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз хонандагони рӯзгордида маслиҳат бипурсам. Дар оила духтари ягона ва эркаю нозпарварди волидонам будам, аммо бо амри тақдир дар як оилаи хеле калон келин шудам.

Хушдоманам ба ғайр аз ман боз чаҳор келини дигар дорад. Аз рӯзҳои аввал дарк намудам, ки муносибати авсунҳоям бо ҳамдигар хуб нест, чунки онҳо якдигарро ғайбат карда, паст мезаданд. Авсуни сеюмам аз ҳама шаттоҳтар буда, ҳамеша дигар келинҳоро дар чашми хушдоманам сиёҳ мекунад. Кампир ба гапҳои дурӯғи вай бовар карда, қариб ҳар рӯз бо ягон келинаш ҷанг мешавад. Авсуни лӯлиам ҳамеша аз пашша фил сохта, мо келинҳоро низ бо ҳамдигар ҷанг меандозад.

Азбаски дар хонаводаи мо ҳамеша гапро дар рӯйи одам мегуфтанд, ман ба найрангҳои авсунам тоқат карда натавониста, чанд бор ошкоро ба хушдоманам гуфтам, ки гапҳои келини эркааш дурӯғанд ва агар ҳамин хел асли гапро нафаҳмида, ҷангу ҷанҷол кардан гирад, келинҳо баромада мераванду писаронаш хонавайрон мешаванд. Авсунам ба ғазаб омада, ба ман дарафтод ва рӯю мӯямро канда, маро латукӯб кард. Қаҳр карда ба хонаи падару модарам омадам.

Инак, қариб 3 моҳ мешавад, ки дар хонаи худамон ҳастам, шавҳарам чанд бор барои бурданам омад, вале розӣ нашуда, гуфтам, ки то вақте янгаи шӯрандозаш дар он хона зиндагӣ мекунад, поямро ба остонаашон намемонам. Ростӣ шашмоҳа ҳомилаам ва модарам ҳар рӯз маро насиҳат мекунад, ки аз рӯйи авсунам шуда, бо дасти худам зиндагиамро вайрону тифли батнамро бепадар накунам, вале дигар рӯйи авсунамро дидан намехоҳам.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

ЗАРИНА, н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД