Салом хонандагони азиз! Дар миёни чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда, қалам ба даст гирифтам, то аз шумоён маслиҳат бипурсам.
Ман як духтараки ҷавони 24-сола ҳастам. Соле қабл як донишгоҳи бонуфузро хатм карда, дар як корхонаи давлатӣ ба кор даромадам. Роҳбари корхонаамон бисёр инсони хуб ва марди наҷиб аст. Аз рӯзи аввал вай "духтарҷон" гӯён, тамоми чизҳои намефаҳмидагиамро бо суханони хуш ба ман мефаҳмонад ва ҳамеша дилбардорӣ мекунад, ки зиқ нашавам, оҳиста-оҳиста тамоми нозукиҳои корро фаҳмида, мутахассиси олиҷаноб мешавам.
Суханони меҳрубононаи раис дили маро обу адо карда, ба ин марди бофарҳанг, самимӣ ва бисёр хушгуфтор ошиқи зор шуда мондам. Медонам, ки раис ҳамсоли падарам аст ва зану фарзанд дорад, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, ишқи ӯро аз дил берун карда наметавонам.
Хонандагони азиз, шояд шумо маро лаънат карда, духтари бешарму беҳаё хонед, вале чӣ кунам, ки ман ба фармони дилам, на дил ба фармони ман аст. Шефро чунон дӯст доштаам, ки шаб то саҳар танҳо дар андешаи ӯ ҳастам.
Дар оташи ишқи раис сӯхта, обу адо шудам ва қарор додам, ки ҳарчӣ бодо бод, ӯро аз дарди дилам огоҳ месозам. Бо ҳамин мақсад паёмаки пур аз меҳре барояш фиристодам, вале аз раис ягон ҷавоб наомад. Вай чунон вонамуд месозад, ки гӯё аз ҳоли дили мани зор тамоман хабар надорад. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам.
Хонандагони азизи «Оила», шумо ба мани ошиқ чӣ маслиҳат медиҳед? Аз кор равам ё бо ягон баҳона ба назди раис даромада, ошкор гӯям, ки дӯсташ медорам?
О.