8-уми март дар Тоҷикистон Рӯзи Модар аст. Ин сана дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил карда мешавад. Таърихи ин ҷашн чӣ гуна аст? Онро аз кай дар Тоҷикистон таҷлил мекунанд? Матлаби моро пайгирӣ кунед.
Аввалин бор, 8-уми марти соли 1857 коргарзанони фабрикаҳои бофандагию дӯзандагии шаҳри Ню-Йорки ИМА бо шиори «марши каструли холӣ» корпартоӣ карданд. Онҳо дар як рӯз 16 соат кор мекарданд, беандоза кам маош мегирифтанд, дар шароити вазнину мураккаб зиндагӣ мекарданд. Музди кор ба зиндагӣ намерасид.
Барои ҳамин ҳам занони эътирозгар талаб карданд:
- зиёд кардани музди кор;
- кам кардани вақти кор
- маоши баробар ба мардон.
8-уми марти соли 1908 аъзои ташкилоти сотсиал-демократҳои занони Ню-Йорк митинг ташкил карданд ва дар он зиёда аз 15 ҳазор занону духтарон иштирок карда, баробарҳуқуқии занҳо бо мардҳо ва ҳуқуқи иштирок дар интихобтро талаб карданд ва чунин корпортоиҳо дар ҳамаи минтақаҳои шаҳр баргузор карда шуд.
Соли 1908 Ҳизби сотсиалистии Амрико 8-уми мартро рӯзи миллии занону духтарон эълон кард ва то соли 1913 дар давраҳои гуногун, асосан ҳафтаи охирини феврал ҷашн гирифта мешуд.
Соли 1910 вакилони ИМА ба конгресси дуюми байналмилалӣ ба Копенгаген омада, бо коммунисти немис Клара Сеткин вохӯрӣ гузарониданд. 27-уми августи соли 1910 дар Конгресси ҳаштуми байналмилалии сотсиалистон Клара Сеткин пешниҳод кард, ки 8-уми мартро Рӯзи байнадмилалии занону духтарон эълон кунанд. Ин пешниҳоди ӯ пазируфта шуд. Дар таърих соли 1911 аввалин бор Рӯзи байналмилали занону духтаронро дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария бо таклифи узви Ҳизби сотсиал-демократи Олмон Елена Гринберг ҷашн гирифтанд ва ин ҷашн ба Аврпуо роҳ ёфт.
Соли 1912 бо қарори Конференсияи дуюми занону духтарони коммунистӣ 8-уми март Рӯзи байналмилалии занон эълон карда шуд.
Баъд аз Ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир ва қабули декрети ҳокимияти советӣ «Дар бораи баробарҳуқуқии занону мардон» дар минтақаи Осиёи Миёна ва Тоҷикистон ҳам ҳамчун Иди байналмилалии занон ҷашн гирифта мешавад.
Дар Тоҷикистон аввалин бор дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистони Шимолӣ ҳаракати умумихалқии мубориза бар зидди фаранҷӣ «Хуҷум» 8-уми марти соли 1929 бо иштироки аввалин комиссари халқӣ Ӯғилой Шамсиддинова рӯзи занон ҷашн гирифта шуд, ки дар он занони фаъоли шаҳри Хуҷанд ва атрофи он иштирок карда буданд.
Соли 1965 дар асоси Қарори Президиуми Шурои Олии ИҶШС 8-уми март рӯзи истироҳат эълон карда шуд ва ҷашни занону духтарон бо тантана ҷашн гирифта мешуд.
Дар замони истиқлоли Тоҷикистон низ таҷлили ҷашни занону духтарон идома пайдо кард. Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 дар кишварамон 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад.
Мо мардон ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.
Имрӯз дар кишвари мо:
- 25% хизматчиёни давлатӣ;
- 73% кормандони соҳаи маориф;
- 71% кормандони соҳаи тиб;
- 47% кормандони соҳаи фарҳанг;
- 37% олимон;
- 30 % соҳибкоронро бонувон ташкил медиҳанд.
Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегопарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Сафар ЭРКАЕВ,
иштирокчии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии ҶТ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров