arzon replenishment
Аввалин коргардонзани тоҷик беунвон ва бефарзанд аз дунё гузашт
840


Аввалин коргардонзани тоҷик Маргирита Қосимова аз олам чашм пӯшид. Ин зани сар то по ҳунару истеъдод барои рушду нумӯъи кинои тоҷик хизматҳои сазовор намудааст.

Марворид (Маргарита) Қосимова дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар синни 86-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар бораи марги ин коргардони номдор журналист Тиллои Некқадам хабар додааст.
Қосимова Марворид Наимовна 10 -апрели соли 1938 дар Сталинобод аз модари рус ва падари тоҷик таваллуд шуда, соли 1955 ба Институти давлатии кинематографияи СССР дохил шудааст. Баъди хатми ин донишкадаи номдор ӯ ба Тоҷикистон баргашта, аввалин зани режиссёр дар Осиёи Марказӣ шуд.

Маргарита Қосимова ҳанӯз дар замони донишҷӯйяш филми ҳуҷҷатии «Қалби яхини Помир»-ро ба навор гирифта буд. баъди хатми донишкада бошад, ҳаёташро бо киностудияи “Тоҷикфилм” пайваста даҳҳои филмҳои мондагор офаридааст. «Ҷӯра Саркор», «Чор нафар аз Чорсанг», «Дӯзандаҳо» ва «Марди мутааллиқи ду зан» аз зумраи шоҳкориҳои ин коргардонзани тоҷик мебошанд.

Маргарита Қосимова солҳои 70 – 80 бо киностудияҳои Қазоқистон ва Туркманистон ҳамкорӣ намуда, дар ин давлатҳо низ филмҳои хеле ҷолиб ва диданбобро ба навор гирифтааст. Филмҳои ҳуҷҷатии «Бародарам Ғулом», «Ибни Сино», «Зебо» низ маҳсули эҷоди ӯстанд.
Марворид Қосимова дар чанд филм худаш ҳам нақшҳои лаҳзагӣ офаридааст, ки хеле ҷолибанд. Аз ҷумла дар «Ҷӯра Саркор» (1969), «Хати парвоз», «Чор нафар аз Чорсанг» (1973), «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин» (1977), «Буд набуд дар синфи як буд» (1978), «Ҷинояткорон ва адвокатҳо» (1981), «Имрӯз ва ҳамеша» (1982)...

Марворид Қосимова дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карда, 30 соли охир дар Белорус зиндагӣ мекард. Соли 1992 дар киностудияи Минск ба кор даромад ва филмҳои «Сын за отца» (1995), «Маленький боец» (1998), «Зорка Венера» (2000) ва «Соблазн» (2006) –ро ба навор гирифт. Дар баробари кор гардонӣ вай ҳамзамон дар Академияи санъати ин кишвар ба сифати омӯзгор кор карда, даҳҳо режиссёрони боқувватро тарбия кардааст.

Маргарита Қосимова дар ҷодаи касбӣ хеле муваффақ бошад ҳам, ҳамчун зан аз бахти оилавӣ бенасиб монда буд. Бо сабаби бефар зандӣ шавҳараш аз ӯ ҷудо шуд ва Маргирита то охири умр дигар оиладор нашуда, тамоми ҳастиашро ба кино бахшид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД