Эҳёи дарвозаи таърихӣ дар Истаравшан
Дар шаҳри бостонии Истаравшан яке аз ёдгориҳои таърихии маҳаллӣ — Дарвозаи Боло, ки беш аз якуним аср пеш аз байн рафта буд, аз нав бунёд гардид. Дар маросими ифтитоҳи дарвозаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ иштирок намуд.
Ин иқдоми созанда бо ташаббуси раиси маҳаллаи «Алишер Навоӣ» Ӯткур Абдулхайров ва дастгирии молиявии фарзандони саховатманди маҳал Толибҷон Аюбов амалӣ гардид.
Дарвоза бо роҳбарии устои номии шаҳри Истаравшан Абдурашид ва шогирдонаш Қулӣ, Шавкат, Ҳамза ва Қобил бунёд гардидааст. Барои сохтмони дарвоза 17 ҳазору 500 дона хишт истифода шуда, ҳунармандон тавонистанд дар муддати 115 рӯз корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд.
Дарвозаи Боло бо хишт бунёд гардида, дар ороиши он аз ҳунари ойинакорӣ низ истифода шудааст. Ин навъи ороиш, ки дар меъмории анъанавӣ ҷойгоҳи хос дорад, ба иншоот зебу зиннати тоза бахшида, онро боз ҳам ҷолибтар гардонидааст.
Дарвозаи мазкур аз ду гунбаз иборат буда, дар он соат низ насб карда шудааст. Дар пештоқи он номи дарвоза бо забони тоҷикӣ, англисӣ ва хати форсӣ тавассути ҳунари кошикорӣ навишта шудааст. Дар қисмати қафои дарвоза номи устоҳо сабт шудааст.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна шаҳри Истаравшан, ки бо номи Ӯротеппа низ маъруф аст, бо ду қатор деворҳои баланду ғафс иҳота мешуд. Дарозии умумии ин деворҳо тақрибан 6,4 километрро ташкил медод. Деворҳои мудофиавӣ шаҳрро аз хатарҳои беруна ҳифз намуда, дар ташкили низоми шаҳрсозӣ ва таъмини амнияти сокинон нақши муҳим мебозиданд. Дар ин деворҳо ҳафт дарвоза мавҷуд буд, ки ҳар кадоми онҳо бо номи хоси худ шинохта мешуданд. Инҳо Дарвозаи Сойи поён, Дарвозаи Санги Чақмоқ, Дарвозаи Яккабоғ, Дарвозаи Сойи Боло, Дарвозаи Боло, Дарвозаи Қаробек ва Дарвозаи Тал мебошанд. Ин дарвозаҳо ҷузъи муҳими сохтори шаҳр ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинон нақши назаррас доштанд.
Раиси маҳаллаи "Алишер Навоӣ" Ӯткур Абдулхайров мегӯяд: "Дарвозаи Боло яке аз рамзҳои таърихии Истаравшан ба шумор меравад. Ин дарвоза соли 1855 сохта шуда, дар гузашта қисми муҳими сохтори шаҳр буд. Мутаассифона, соли 1866 дар натиҷаи ҷараёни амалиёти ҳарбии неруҳои Русия дар Осиёи Марказӣ, дарвозаи мазкур хароб гардид. Генерал Романовский ҳангоми ворид шудан ба Истаравшан бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва тӯпҳо онро вайрон кард. Бо гузашти 160 сол мо тасмим гирифтем, ки ин ёдгории таърихиро аз нав эҳё намоем."
Назар ба гуфти раиси маҳалла Ӯткур Абдулхайров ҳадаф аз эҳёи ин дарвозаи қадима зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон ва ба наслҳои ҷавон нишон додани арзишҳои фарҳангии шаҳри азизамон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Истаравшан то ҳол ду дарвозаи хиштӣ Дарвозаи Тал ва Дарвозаи Боботағо вуҷуд дошт Соли 2008 дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дарвозаи рамзӣ қарор дошт ва он расман соли 2008 ба истифода дода шуда буд. Вале соли 2016 бо сабаби зиёд шудани садамаҳо дар ин мавзеъ аз байн бурда шуд.
Абдуғаффор Шодиев