Arzon march 2024
Ҳайати Тоҷикистон дар Вохӯрии СММ оид ба бемории сил иштирок кард
844

 

Ҳайати Тоҷикистон 20-25 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико бо даъвати “Stop TB Partnership” (қароргоҳаш дар ш. Женева, Швейтсария) ва Анҷумани ҷаҳонии сил (Global TB Caucus) дар Вохӯрии сатҳи баланди СММ дар мавзӯи сил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Вохӯрии сатҳи баланди СММ, аз ҷумла Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамраиси Анҷумани ҷаҳонии сил (Global TB Caucus) ва қаҳрамони сил, Нозия Кароматулло, овозхони маъруфу маҳбуб, Сафири пешгирии сил ва Сафаралӣ Наимов, директори Ассотсиатсияи "Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон" ширкат намуданд.

Дар Вохӯрӣ таъкид шуд, ки сил бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон аст, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ таъсир мерасонад.

Дар зимн, Ҷамшед Муртазозода, Ҳамраиси Анҷумани ҷаҳонии сил дар минтақаи АШОМ ва вакили Парлумони Тоҷикистон гуфт: “Ман аз Эъломияи сиёсӣ истиқбол мекунам ва бо ҳамкасбони худ аз Анҷумани ҷаҳонии сил кор мекунем, то ин ваъдаҳо иҷро шаванд. Мо метавонем ба шахсони аз сил осебдида танҳо тавассути ҳамкорӣ кумак кунем. Аз ин рӯ, мо аз ин пас ҳам шариконро аз бахшҳои гуногун ба ҳам меоварем, то якҷоя амал кунем. Мо бояд якҷоя кор кунем, зеро ҳамаи мо нақши худро дорем.”

Бояд гуфт, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёт 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсони масъунияташон заиф, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ хавфи зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.

Нозия Кароматулло бахши фарҳангии барномаро бо таронаҳои рангини худ ҳусни оғоз бахшид. Сарфи назар аз вақти барнома бо талабу хоҳиши зиёди иштирокдорон Нозия таронаҳои тоҷикиву ҳиндӣ хонда, ба толори Созмони Милали Муттаҳид ҳусни идона бахшид.

“Ман аз Тоҷикистон ба ҳар яки Шумо саломи гарму самимӣ ва муҳаббату садоқати беандоза овардаам. Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ман ҳамчун намояндаи насли худ бо ифтихор мегӯям: Бо ҷомеаи огоҳ аз чораҳои пешгирикунанда БАЛЕ! МО МЕТАВОНЕМ СИЛРО БАРҲАМ ДИҲЕМ”, - гуфт Нозия.

Дар анҷоми Вохӯрӣ таъкид шуд, ки сил аз давраҳои дерин то ба имрӯз ҳамчун мушкилоти хеле муҳимми иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри XX бемории сил воқеан табобатнашаванда буд. Хушбахтона, имрӯзҳо бо пешрафти илми тиб ин беморӣ табобатшаванда буда, дар ҳолати муроҷиати саривақтӣ шахси бемори сил метавонад дар муддати кӯтоҳ шифо ёбад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай чорумин Барномаи миллии ҳимояи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил татбиқ шуда истодааст, ки барои ошкорсозӣ ва табобати ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД