Arzon march 2024
АЙНӢ: ҚОТИЛИ ШУКРОНАРО ЗИНДОНӢ КАРДАНД!
6312

Суди ноҳияи Айнӣ Сафиаллоҳ Раҳмоновро бо гуноҳи куштани ҳамсараш барои 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукми ӯ рӯзи 14 октябр содир шуд.

Ҷасади Шукрона Ҳайдароваи 26 - сола аз деҳаи Урметани ноҳияи Айниро шаби 4 августи имсол дар хонааш пайдо карданд. Наздикони шавҳараш даъво доштанд, ки ӯ худро ба дор овехтааст, вале пайвандонаш ва муфаттишон ба кушта шудани ӯ таъкид доштанд. Махсусан падараш марги маҷбурии ӯро таъкид мекард.

Сафиаллоҳ Раҳмоновро бар асоси моддаи 104 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне «куштор» маҳкум кардаанд. «Сафиаллоҳ Раҳмонов дар мурофиаҳои судӣ ба кирдори худ, яъне куштани ҳамсараш иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ кард. Вай гуфт, бо ҳамсараш Шукрона Ҳайдарова муноқиша карда, аз хашми зиёд гулӯи ӯро даҳ дақиқа фишурдааст», - гуфт як судяи ин парванда. Ҳамсари ӯ Баргӣ Аслиддиноваро низ бо модаи 347 - и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “пинҳон доштани ҷиноят” парванда боз карданд.

Волидони Шукрона Ҳайдарова аз ҳукми суд розӣ нестанд. Умеда Муродова, вакили дифоъкунандаи онҳо, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки барои бозбинии ҳукм талош мекунанд.

Хешовандони Шукрона мегӯянд, ки Сафиаллоҳ бо ӯ никоҳи мусалмонӣ дошт, вале судшаванда зиндагӣ бо ду занро замони пурсиш рад кардааст. Дар ҳамин ҳол, наздикони Шукрона сабаби ҳамсари дуюм шудани ӯро шарҳ намедиҳанд, вале мегӯянд, ба ин кор ҳамсари аввали Сафиаллоҳ ризоият дода буд.

Алишер Раҳматов, корманди Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаро онҳо дар ҳамкорӣ бо прокуратура таҳқиқ доранд ва ташхиси ибтидоӣ нишон дод, ки ин зан бо истифодаи зӯрӣ кушта шудааст.

Муборакқул Ҳайдаров, падари Шукрона, ки дар Русия муҳоҷир аст, дар суҳбат бо сомонаи “Оила” гуфт, духтараш ҳамсари дуюми Сафиаллоҳ буд ва муносибаташон хуб набуд, чунки ҳамсари якумаш рашк мекард.

Бояд гуфт, ки аз ӯ ду фарзанди ноболиғ мондааст, ки ҳоло дар тарбияи волидони Шукрона қарор доранд. Тавре тафтишот муайян намудааст, Шукрона зани дуюми Сафиаалоҳ будааст ва бо зани авалаи ӯ дар як ҳавлӣ зиндагӣ доштааст.

Сомонаи “Оила” пештар аз ин дар бораи фоҷиаи мазкур матлаби муфассале нашр карда, аз мақомот хоҳиш карда буд, ки нисбат ба ин қазия бетарафӣ зоҳир накунанд. Ахиран, мақомот ба доди ин оила расид ва парванда кушода, тафтишот бурда истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД