arzon replenishment
Аз 1-уми апрел арзиши истифодаи барқ боло меравад
17.03.2025
Oila.tj
748

Тибқи як қарори Ҳукумати кишвар, ки 11-уми март имзо шудааст, аз 1-уми апрели соли 2025 арзиши истифодаи неруи барқ боло меравад.

Гуфта мешавад, ки дар асоси ин қарор аҳолӣ барои ҳар 1 киловат соат неруи барқ 35,36 дирам месупоранд.

Чанде қабл муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки таклифи тағйирот ба тарофаҳои истифодаи неруи барқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди дахлдор аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ворид гардида, Хадамот ин масъаларо баррасӣ кардаву ҷиҳати баланд бардоштани арзиши тарофаҳои истеҳсоли неруи барқ таклифҳоро пешниҳод намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД