Arzon march 2024
Аз беморӣ то шоҳкориҳои нави Нурулло Абдуллоев
1144

 

“Дирӯз, се бачаам маро ба аробача савор карда дар корпуси 8-и Қараболо мегардонданд. Ман болои аробача нишаста фикр мекардам, ки "Ана дар ин ҳуҷра Лоиқи зиндаёд хоб буданд, дар инаш профессор Нурҷонов, дар ин ҷо ҳамсабақҳоям Аҳмадшоҳ, Қиёмиддин...

Ба бачаҳоям гуфтам, ки "Мошинатонро нигоҳ доред, ман мефароям. Давоми роҳро пиёда меравам"... Аз ҷой хестаму... ҳис кардам, ки на танҳо сарам чарх мезанад, балки зонуҳоям ҳам ба ман итоат намекунанд.... Дастони писаронам маро оҳиста ба аробача шинонданд. Ман дигар муқобилият нишон надодам....

Ин сатрҳои ҳунарманди маҳбуб, устоди театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоевро хонда, ҳузни ноаёне ба дилам панҷа зад. Ман, ки ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ бо ин ҳунарманди асил ошноӣ ва дӯстӣ дорам, Нурулло Абдуллоеро ҳеҷ дар аробача маъюб тасаввур карда наметавонистам. Боре ҳам ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомада буд, ки марди рустамбонуеро чун Нурулло Абдуллоев, ки ба қавле, вақти қадам задан, замин дар зери пояш меларзад, касею чизе шикаст дода метавонад, вале тавре ки дар урфият мегӯянд: “дард кӯҳи баландро ҳам паст мекардааст!”

Хабари бемории ин ҳунарманди асил маро ба изтироб овард ва роҳи беморхонаи Қарияи Болои пойтахтро пеш гирифтам, вале тамоми 3 ошёнаи корпуси 8-ро гашта бошам ҳам, устодро пайдо накардам. Номи Нурулло Абдуллоев аслан дар рӯйхате, ки ному насаби беморон сабт шудааст, вуҷд надошт ва ин ташвишу изтироби маро афзунтар гардонд...

       Дар ҷустуҷӯи Нурулло Абдуллоев

Банда замони дар Телевизиони Тоҷикистон кору фаъолият намуданам дар бораи ин ҳунарманди машҳур чанд барнома таҳия карда будам ва медонистам, ки Нурулло Абдуллоев дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, дар паси тарабхонаи “Суғдиён” зиндагӣ мекунад. Ростӣ, гумон доштам, ки Нурулло Абдуллоев мисли дигар одамони машҳур кайҳо аз маркази шаҳр хона харида кӯчидагист, вале ҳарчи бодо бод гӯён, роҳи ҳамон хонаи медонистагиамро пеш гирифтам.

Аз тарабхонаи “Суғдиён” ному нишоне намонда бошад ҳам, хонаи №104 ҳанӯз побарҷо буд ва ман беҷуръатона дари ҳуҷраи №36-ро кӯфтам. Дарро ба рӯям духтараки химчамиёне кушод ва ба саволи банда “мебахшед хоҳарҷон, ин хонаи Нурулло Абдуллоев аст?” бо табассуми малеҳ “Бале, бале, марҳамат дароед” гӯён, аз рӯйи таомули тоҷикона маро ба хона муроот намуда, садо кард: “Очаҷон, хезед, меҳмон омад, дадама мепурсанд...”

Бо шунидани ин садо ҳамсари Нурулло Абдуллоев, ки синну солаш ба ҷое расида бошад ҳам, ҳанӯз хеле зебо ва як зани ниҳоят нӯронӣ аст, ба истиқбол баромад. Мо бо янга гарм вохӯрӣ карда, вориди меҳмонхона гаштем.

      Манзили хоксоронаву дилҳои пур аз                                    ганҷина

Дар тамоми ҷаҳон актёрӣ яке аз пешаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад ва ҳунарпешаҳо, махсусан ҳунармандони машҳуре, ки дар кино нақш мебозанд, зиндагии шоҳона доранд. Онҳо натанҳо дар хонаҳои қасрмонанд зинагӣ мекунанду гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшанд, балки ҳатто тайёраву киштию ҷазиҳаои шахсӣ доранд, вале......

Манзили Ҳунарешаи Халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев бисёр хоксорона буда, зоҳиран аз хонаи як одами одӣ ҳеҷ тафовут надорад, аммо дар ин хона одамоне зиндагӣ мекунанд, ки дилашон кони ганҷ аст, ганҷинаи сухан ва анҷинаи фарҳангу адабу ҳунар. Ҳамин буд, ки сӯҳбати мо бо аҳли ин хонадон қариб 5-6 соат тӯл кашид....

   Аз нақли ҳамсари Нурулло Абдуллоев

-Ҳоҷӣ (ҳамсарашро дар назар дорад. Нурулло Абдуллоев ва оилааш ҳанӯз соли 2012 ба зиёрати Хонаи Қаъба мушарраф гашта, ҳоҷӣ шуда буданд) чанд моҳ шуд, ки беморанд. Аввалҳо пойҳояшон кам-кам дард карда, дар роҳгардӣ душворӣ мекашиданд. Азбаски он кас ба рафтани синну солашон нигоҳ накарда, бисёр одами меҳнатӣ ҳастанд, ҳамеша то як поси шаб сари компёбтер нишаста кор мекарданд. Ман "ҳоҷӣ бисёр мешинед, барои ҳамин ба пойҳоятон зӯр меояд” гуфта, маслиҳат додам, ки дар замин нишаста кор кунанд, вале варам торафт зиёдтар шуда, оқибат як пояшон кунда барин шуда монд ва дигар пояшонро ҷунбонда натавонистанд. Бачаҳо хеле такудав карданд, падарашонро ба куҷоҳое, ки набурданд. Он касро дар беморхона ҳам хобондем.

Шукр, ҳолашон айни замон каме беҳтар шудааст. Варам андак гашта, акнун пояшонро бо азоб бошад ҳам, ба замин мемонанд, лекин то ҳол озодона гашту гузор карда наметавонанд. Дар бистари беморӣ ҳам худашонро хӯрда мешинанд, ки корҳоям нотамом монда истодаанд...

               Шавҳари ман барои занҳоро                                    бӯсиданаш пул мегирад...

Нақли ҳамсари Нурулло Абдуллоеро, ки дар бораи шавҳараш бисёр ғамхорона гап мезад, шунида, суханони писари калониаш Неъматҷон ба ёдам расиданд, ки боре дар як сӯҳбати хоса гуфта буд: “Апаҷон, ба модари ман дар зиндагиашон ҳайкал мондан лозим, охир бо ин қадар мухлисдухтарони беҳисобе, ки падарам дорад, боре ҳам рашк ва ҷангу ҷанҷол накардааст!” Шӯхиомез пурсидам:

-Янга, ҳоло ҳам мухлисдухтарон ба суроғи акаи Нурулло меоянд?

-Акнун пир шудаанд! Вақти нағмаю усул гузаштаву вақти худову расул гуфтанашон расидааст. Шукри худо ба бемориашон нигоҳ накарда, панҷ вақт намозашонро мехонанд. Вақте ҷавон будем, бисёриҳо гапу хабар оварда, кӯшиш мекарданд, ки маро бо шавҳарам ҷанг андозанд, аммо ягон бор рашк карданамро нишон надодаам. Ҳамкоронашон, актриссаҳои машҳур қасдан Нуруллоро дар пеши чашми ман ба оғӯш мегирифтанд ва “янга, шумо барои чи рашк намекунед?” гуфта механдиданд. Боре як журналист (марҳум Убайдуллои ширин) ба хонаамон омада бо ману шавҳарам дар алоҳидагӣ сӯҳбат кард ва пурсид, ки янга, шавҳари шумо ҳар рӯз дар саҳна ягон занро бӯса мекунад, росташро гӯед, қаҳратон намеояд? Ман ҳам ҳозирҷавобӣ карда гуфтам, ки дигар мардҳо, масалан худи шумо ҳам барои зани бегонаро бӯса кардан пул медиҳед, вале шавҳари ман барои занҳои бегонаро бӯса карданаш пул мегирад. Барои чи рашк ва ҷангу ҷанҷол карда, шиндагии ширинамонро талх кунам?! Бовар кунед, журналист қариб аз ханда нафасгир шуда буд....

        Марде, ки аз рӯяш нур меборад...

Ин дам Нурулло Абдуллоев бо ҳамон қомати болои Рустамона вориди меҳмонхона шуд. Ҳарчанд як пояшро базӯр кашола карда роҳ гардад ҳам, ин марди қавиирода ба беморӣ тан надода, худро бардам нишон додан мехост. Риш ва мӯйи сараш сафед шуда бошад ҳам, аз чеҳрааш ҳамоно нӯр меборид. Нӯри илоҳӣ.

                    “Босмачӣ”-и худӣ

Азбаски мо ҳанӯз аз солҳои 1995-1996 ошноӣ доштем, Нурулло Абдуллоев бо ман мисли фарзандаш муносибат намуда, шӯхиомез “Босмачӣ” мегуфт. Имрӯз низ баробари маро дидан дар чеҳрааш табассум гул кард ва бо ҳамон табассуми ширин “Босмачӣ, ту дар куҷоҳо мегардӣ?” гӯён, гарму ҷӯшон аҳволпурсӣ кард ва мо рӯйи роҳаткурсӣ нишаста ба сӯҳбат оғоз намудем. Сӯҳбати гуворое, ки кас аз шуниданаш ҳеҷ сер намешуд....

       Вақте наворгирии фим ҷар шудаму...

“Маро то ҳол коргардонҳои хориҷӣ барои дар филмҳояшон нақш бозидан ба Русия, Қазокистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо даъват мекунанд. Дар филмҳои Голливуд ҳам нақш бозидаам. Ҳаноми ба навор тгирифтани яке аз ҳамон филмҳои хориҷӣ як ҳодисаи нохуш рӯй дод ва мо, чанд нафар ҳунарпешаҳову каскадёрҳо аз қуллаи кӯҳ ҷар шудем. Дасту пойи чанд каскадёр шикаст, чанд актёри машҳур захму ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, дар ин миён фақат ман зоҳиран чандон осеб надида будам, вале баъди ба охир расидани сабти филм ба хона баргаштаму аҳволам бад шудан гирифт. Миёнам сахт дард мекард. Ба духтур рафта тамография кардам. Гуфтад, ки дар бар асари зарбаи сахт хӯрдан дар сутунмӯҳраатон ду грижа пайдо шудааст. “Машқ кунед, нағз мешавад” гуфтанд. Дар ҳақиқат баъди машқҳои махсус хеле беҳтар шудам,вале намедонам таъсири ҳамон афтиданам буд ё чизи дигар, ки баъдтар ҳолам бад шуда, пойҳоям ба варам кардан сар карданд ва дигар поямро ҷунонда наметавонистагӣ шуда мондам...”-қисса кард Нурулло Абдуллоев

Ба саволи ман дар мавриди он ки духтурҳо сабаби варами пояшро дар чӣ мебинанд, ин ҳунарманди машҳур гуфт:

-Ёру дӯстон ва хешу табор мегуфтанд, ки гурда ё дил бемор бошад, пойҳои одам варам мекунад, барои ҳамин фарзандонам маро ба беморхонаи Қарияи Боло барои ташхис бурданд. Дар он ҷо ҳам гуфтанд, ки дилатон иллат дорад, эҳтиёт кунед. Чанд вақт дар беморхона хобидам, баъд дилтанг шуда аз табибон хоҳиш карам, ки маро ҷавоб диҳанд, табобатро дар хона давом медиҳам...

           Мардум ташнаи театранд, вале...

Нурулло Абдуллоев ҳаёти худро бе театр тасаввур карда наметавонад. Синну солаш ба 74 расида бошад ҳам, тез-тез ба театрҳои пойтахт рафта, аз вазъи театрҳо бохабар шуда меистад.

“Дар театри худамон-театри Лоҳутӣ ман фақат дар як намоишнома, ки Ибодулло Машрабов ба саҳна гузоштааст, нақши хурдакаке дорам, вале тез-тез ба театр рафта, бо ҷавонон суҳбат мекунам, то ки аз вазъи театр бехабар намонам. Кори театр имсол чандон бад набуд, нақшаро ҳам иҷро карданд, вале бештари намоишномҳо кӯдаконаанд. Албатта ман ҳамчун актёри драммавӣ мехостам, ки намоишномаҳои калон ва арзиши баланди маънавӣ дошта бештар ба саҳна гузошта шаванд, аммо имкониятҳои театр имрӯз камтаранд. Соле қабл аз шуъбаи театрҳои халқии вазорати фарҳанг мо барои омӯзиши кори театрҳои халқӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар кардем. Қариб тамоми шаҳру ноҳияву вилоятҳои ҷумҳуриро гашта ба хулосе омадам, ки имрӯз мардум ташнаи театр, ташнаи дидори аҳли ҳунаранд, вале барои ба сафари ҳунарӣ баромадани театрҳо маблағи зиёде лозим аст. Театрҳои хурд, ки се-чор ҳунарманд доранд, дар як мошин нишаста ба дилхоҳ минтақа рафта метавонанд, вале театри касбӣ, масалан театри Лоҳутӣ ба сафари ҳунарӣ рафтанӣ шавад, бояд декоратсия барад, либосҳои саҳнавӣ барад, ҳунарпешаҳоро, ки албатта се-чор нафар нестанд, бо нақлиёт таъмин намояд. Барои ҳамаи ин маблағи бисёре сарф мешавад. Аз ҳамин сабаб пеш аз ба сафари ҳунарӣ баромадан роҳбарияти театр сад бор фикр мекунанд, ки оё хароҷоташонро пӯшонда метавонанд ё не?!

-Замони шӯравӣ театрҳо тез-тез ба сафари ҳунарӣ мебаромаданд-ку?

-Он вақт театр дар дотатсияи давлат буд ва ҳамаи ин хароҷотҳоро худи давлат мепӯшонд, ито ки мардум аз санъати театрӣ дур намонанд,вале имрӯз театр бояд худаш худашро таъмин кунад.

            Аз “Афсонаҳои мӯйсафед” то                                   мултфилмҳои тоҷикӣ

Нурулло Абдуллоев студияи шахсии худро низ дорад ва мегӯяд новобаста ба бемориаш соли 2022 барояш соли бобарор буд.

“Ман студияи шахсии худро дорам ва имсол хеле корҳоро ба анҷом расонидем. Аз рӯйи асари худам “Афсонаҳои мӯйсафед” як филм бадеӣ ба навор гирифтем, ки худо хоҳад, баъди соли нав манзури тамошобинон мегардад. Бо дастгирии Хазанаи кӯдакони СММ-Юнисеф имсол барои кӯдакони синну соли то мактабӣ бо номи “Сандуқчаи зулбиё” 150 серияи филми тасвирӣ сохтем, ки аз афсонаҳои халқии тоҷикӣ гирифта шуда, ҷанбаи омӯзишӣ ва тарбиявӣ доранд. Аз мо талаб карданд, ки ин филмро бо 4 забон тарҷума кунем. Ман аз хориҷа чанд нафар ҳунармандони машҳурро даъват намудам ва ин фими тасвириро дубляж, яъне тарҷума кардем. Ин филми тасвирӣ ҳанӯз идома дорад ва аз рӯйи нақша тахминан 450 серия мешавад. Умуман, соли бобарор буд ва агар худо шифо диҳаду умр бақо кунад, соли 2023 ҳам бе кор намемонем. Муддати 4 сол шуд, ки ман болои филми“Асонаҳои мӯйсафед”кор карда истодаам. Коргардони ин филм писарам Неъматон Абдуллоев аст ва ҳоло мо дар ҳаҷми 3 соати 20 дақиқа ин филмро барои фестивал тайёр кардем, вале маводи зиёде дорем, ки истифода нашудааст. Минбаъд ният дорем, ки “Афсонаҳои мӯйсафед”-ро дар шакли як сериал ба тамошобинон пешкаш намоем. Тоҷикфилм ё телевизиони Синамо, агар моро каме дастгирӣ к унад, ман метавонам дар студияи худам ин филмро дар шакли сериал монтаж карда диҳам”–мегӯяд Нурулло Абдуллоев

          Ногуфтаҳои Нурулло Абдуллоев

Сӯҳбати мо бо Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев чанд соат тӯл кашида, аз поягзорон ва устодони театру кинои тоҷик-Аслӣ Бурҳонов, Ато Муҳаммадҷонов, аз коргардонҳои машҳур Барис Кимиёгаров, Тоҳир Собиров, аз ҳамсолону ҳампешагонаш Ҳабибулло Абдураззоқов, Қиёмиддин Чақалов, Назирмад Мӯсоев ва дигарон ба некӣ ёд кардем. Дар посух ба саволҳои банда дар боби он ки чаро мо бо ин ҳама пешравиҳое, ки Тоҷикистон дорад, имрӯз “Тоҷикфилм”-еро эҳё карда наметавонем, ки “Қисмати шоир”, “Рустам ва Сӯҳроб ”, “Коваи оҳангар”, “Имом ал Бухорӣ”, “Ман бо духтаре вохӯрдам” ва “Афсонаҳои Шаҳрзод” барин филмҳои ба қавле “шедевр” на навор бигирад ва чаро аз байни насли ҷавон Атову Ҳабибиллою Нуруллоҳои нави саҳнаи тоҷик пайдо нашуданд, Нурулло Абдуллоев андешаҳои хеле ҷолиб баён намуд, вале тавре ки худи ҳунарманд зикр кард, агар умр бақо кунад, ин андешаҳо мавзӯи як сӯҳбати дигар хоҳанд гашт, ки дар соли 2023 манзури шумо, хонандагони азиз мегардад.

   Нурулло Абдуллоев 75-сола мешавад

Нурулло Абдуллоев ният дорад, ки ба ифтихори 75-умин солгарди умраш дар соли 2023 шаби эҷодиашро дар театри академӣ-драмаввии ба номи Лоҳутӣ баргузор намояд. Мо ба ин ҳунарманди машҳур ва маҳбуб шифои комил ва умри дароз хоста, орзуи онро дорем, ки ҳамеша бо панду андарзҳои зиндагиомӯзаш дар барномаи “Беғараз панд”, ки акнун номи “Панди ниёгон”-ро гирифтааст, насли ҷавонро дар руҳияи одаму одамгарӣ ва худшиносию миллатпарастӣ тарбият намояд.

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД