arzon replenishment
Аз чандсолагӣ дар суд фикри кӯдакро мепурсанд?
08.05.2023
ОИЛА
540



Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Савол:
Байни ману шавҳарам нофаҳмиҳои зиёде сар заданд ва билохира бо сабаби хиёнату бевафоии падари фарзандонаммо аз ҳам ҷудо шудем. Шавҳарам аллакай зани дигар гирифтааст ва ба ғайр аз алимент додан дигар дар тарбияи фарзандонашон заррае ҳам саҳм намегузорад.

Қариб ду сол боз бедарак шуд, вале акнун пайдо шуда, таҳдид карда истодааст, ки бачаҳоямро аз ман кашида мегирад.

Фарзандонам аз падарашон дилсард гаштанд ва умуман ӯро дидан намехоҳанд. Мехостам донам, ки оё фикри кӯдакон дар суд ба инобат гирифта мешавад. Умуман аз синни чандсолагӣ бо кӣ зиндагӣ кардан хостани кӯдакро мепурсанд?
Дилором аз н. Ҳисор

Ҷавоб:
Хоҳари азиз! Мувофиқи талаботи Кодекси оила, кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад.

Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз синни даҳсола боло ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД