formula
Аз кӯчаҳои хотирам меоӣ...
453

 

Чанд моҳ бо сабаби серкорӣ вақти гӯш кардани мусиқӣ надоштам. Дар ин муддат бештар дарк кардам, ки суруду мусиқӣ рӯҳи одамро зинда медоштааст.

Бе садои дилнавози асбобҳои мусиқӣ ва овои ҷонбахши баъзе аз сарояндагон зиндагонӣ берангу бетароват метобад. Аммо ин ҷо мехоҳам чанд ҳарфи диламро, ки дарди дил ҳам гуфтан мумкин аст, бигӯям.

Аз миёни сурудаҳои бешумори компютерам имшаб чанд суруди шодравон Дамирбек Олимовро ёфтам. Ҳар яки онҳоро батакрор гӯш кардам. Аз он садо, ки гӯё аз осмонҳо меомад, диламро оромише ногуфтанӣ фаро гирифт.

Рӯзе, ки ғайриинтизор оям ба ёдат, ёд бод,
Аз рӯзгори ёдгор оям ба ёдат, ёд бод.

Дамирбек Олимов ин таронаро барои рӯзгорони зиёде ба ёдгор гузошт. Дили садҳо мухлисонаш бо ёди ӯ чун чашмаҳои кӯҳсорон талотум мекунад, гум мезанад.

Аз кӯчаҳои хотирам меоӣ,
Дар чеҳраат як оламе зебоӣ.
Дилсодае, озодае ҷавлонзанон мехонӣ
Афсонаҳо аз олами рӯъёӣ...

Ин булбули хушилҳонро қисмат хеле зуд аз гулистони зиндагӣ бурд. Дамирбек дигар танҳо дар дилҳо, дар кӯчаҳои хотироти мо бо ҳамон ҷавлонҳои хоси хеш намоён мешавад.

Таронаҳои ҷовидонаи Дамирбек ёди ӯро барои ҳамеша дар дили мухлисон нишонд. Шамъи хотираи Дамирбек ҳамеша рӯшан, ситорааш дар осмонҳо дурахшон ва ҷояш дар саҳнаҳо холӣ хоҳад монд.

Мадинаи Саидюнус аз ноҳияи Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД