arzon replenishment
АЗ МАРДИ МУҲОҶИР АЛИМЕНТ СИТОНИДА МЕШАВАД?
18.09.2021
Оила
2069

 

Ману шавҳарам се сол пеш ҷудо шудем ва ӯ ба Русия мардикорӣ рафт. Дар бадали се сол вай ягон мартиба барои фарзандонаш ягон тин пул равон накардааст. Шунидам, ки як моҳ пеш падари бачаҳоям ба Ватан баргаштааст ва дар тароддуди зангирӣ аст. Оё ман метавонам барои се соли гузашта аз шавҳарам алимент талаб намоям?

Нисо аз н. Ҳисор  

Ҷавоб:

Хоҳари азиз! Волидон вазифадоранд, ки сарфи назар аз макони буду боши худ фарзандонашонро таъмин намоянд, вале аз гуфтаҳои шумо чунин бармеояд, ки шавҳаратон се сол инҷониб ӯҳдадории худро оиди таъмини фарзанди ноболиѓатон иҷро накардааст. Шумо ҳуқуқ доред бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёнидани алимент ба суд муроҷиат кунед. Шахсе, ки ба гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат намояд. Шумо ҳуқуқ доред, ки пардохти алиментро аз рӯзи муроҷиат намудан ба суд талаб намоед ё аз рӯзе, ки шавҳаратон ӯҳдадориҳои падарии худро оиди таъмини кӯдаки ноболиѓ иҷро намекунад ва ё барои давраи гузашта ба мӯҳлати то се сол. Ҳаққи пешниҳод намудани   даъво ва муаян намудани андозаи талаботи даъво мансуб ба салоҳияти худи Шумо аст. Ба маълумотатон мерасонам, ки тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 108-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии алиментдиҳанда   аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, агар Шумо дар суд бо далелҳои боэътимод исбот намоед, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани алимент саъю кӯшиш кардед, аммо бо сабаби саркашии шавҳаратон сари вақт алимент гирифта натавонистед, суд метавонад барои давраи гузашта, яъне барои танҳо   се соли гузашта аз ҳисоби собиқ шавҳаратон алимент рӯёнад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД