Кормандони самти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон пешгирӣ намудаанд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, муайян карда шудааст, ки санаи 11-уми апрели соли ҷорӣ дар маҳаллаи Крупская як гурӯҳ ноболиғон ҷамъ омада, байни ҳамдигар муноқишаи гурӯҳӣ ташкил намудаанд. Ҳангоми расидан ба ҷойи ҳодиса 5 нафар ноболиғон боздошт карда шудаанд. Зимни санҷиш аз дасти яке аз онҳо як адад корди ошхонагӣ дарёфт ва мусодира гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва андешидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол гардидаанд.