sebiston july new
Аз омодагӣ ба сафар то ёфтани кор
6414



Аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо сабаби надонистани қонуну қоидаҳои муҳоҷират ва шеваи рафтор дар кишвари қабулкунанда бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегарданд.

Ба хотири кӯмак ба ҳамватнони худ чанд маслиҳати судмандро ба шахсоне, ки нияти ба Русия ё давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, пешкаш месозем.

Муҳоҷирати меҳнатӣ имконият медиҳад, ки одамон дар кишварҳои дигар кори хуб ёфта, зиндагии худро беҳтар созанд, аммо барои муҳоҷирати бехатар омодагӣ ба сафар хеле муҳим аст.
Нияти муҳоҷират дошта бошед, тайёрии пухта дида, баъд ба сафар бароед. Барои ин:
1. Корро аз оилаи худ сар карда, бом ва дару девори хонаатонро таъмир намоед, хӯрду хӯроки аҳли оилаатонро захира кунед, то ки дар набудани шумо азоб накашанд.
2. Ба шахсони тасодуфие, ки ба шумо дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда дода, хароҷоти сафарро ба души худ мегиранд, бовар накунед, зеро хатари ба доми ғуломии шаҳвонӣ ё меҳнатӣ афтиданатон вуҷуд дорад. Тариқи интернет санҷед, ки дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнату шароити кориаш чӣ гуна аст.
3. Ҷойи кори аниқ надошта бошед, таваккалӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравед, чунки дар сурати кори муносиб наёфтан, беҳуда дар мулки бегона сарсону саргардон ва қарздор мешавед.
4. Фаромӯш накунед, роҳи аз ҳама бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар ба ташкилоту идораҳои расмие муроҷиат кардан аст, ки бо ҳалли масоили муҳоҷират машғуланд . Барои пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар ба ин ташкилотҳо муроҷиат намоед:
Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108. Тел: 221-39-92,
ш. Хоруғ: 502-08-48-28.
ш. Бохтар: 900-04-00-87,
ш. Хуҷанд: 929-76-63-63,
trudvsem.ru –Кор дар Русия. Базаи умумирусиягии ҷойҳои кории Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
5. Забони кишвареро, ки ба муҳоҷират рафтан мехоҳед, омӯзед.
6. Қонунҳои муҳоҷиратиро аз худ намоед. Донистани ҳуқуқҳои худ шуморо аз бисёр мушкилиҳо дар муҳоҷират наҷот медиҳад.
7. Касбу ҳунарҳои имрӯз дар бозори меҳнат серталаботро омӯзед.
8. Барои фаҳмидани он ки ихроҷ, яъне “депортатсия ” шудаед ё не, ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121.
Почтаи электронӣ: [email protected]
Тел/факс: +992-37-225-05-71, 225-05-72. 225-07-19
9. Хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва хариди маводи ғизоиро дошта бошед.
10. Пеш аз оғози фаъолияти корӣ дар хориҷӣ кишвар бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ бандед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД