arzon replenishment
Дар Перм муҳоҷиронро боз латукӯб карданд
12465


Соли 2023 барои муҳоҷирон, махсусан барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кор мекунанд, ниҳоят соли душвор омад.

Сари ҳар як қадам онҳо ба фишору зӯроварӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва бо баҳонаи амалиёти “Нелегал” ва санҷиши ҳуҷҷатҳо кормандони мақомотҳои қудратии ин кишвар муҳоҷиронро лату кӯб карда, озор медиҳанд. Наворҳои ҷигарсӯз ва дилрешкунандаи латукӯби муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони мақомотҳои қудратии Россия дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар тез-тез дар интернет пахн гашта, сару садоҳои зиёдеро ба миён меоранд.

Боз як навори ҷонхароши латукӯби муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Ҳодиса рӯзи 29-сентябр дар Перм рӯй дода, як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ ба “Радиои Озоди” гуфтаанд, ки кормандони пулиси Россия онҳоро дар ҷойи корашон-бозори мевафурӯшӣ латукӯб ва таҳқир карданд.

Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирон, ки шоҳиди ҳодиса мебошад, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр, баъд аз намози ҷумъа ба ҷойи корашон ба бозори мева даромада, чанд нафарро боздошт ва латукӯб кардаанд. Дар навор дида мешавад, ки чи тавр се маъмури пулис муҳоҷиронро ба замин хобондаанд ва садои электрошокер ҳам шунида мешавад.

Муҳоҷирон аз тарси боздошт шудан, ҳодисаро то охир сабт накардаанд. Чунин шикоятҳо аз шаҳри Маскав ҳам расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Россия бо қарори наваш, ки аз имрӯз, яъне 4-октябр қувваи қонунӣ пайдо мекунад, дар баъзе бахшу соҳаҳо, аз ҷумла дар бозор савдо карданро ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ кард.

Маводи муфассали моро дар хусуси он ки муҳоҷирон минбаъд дар кадом соҳаҳо кор карда наметавонанд ва дар кадом бахшҳо шумораи квотаҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд карда шудааст, метавонед имрӯз соати 17.00 дар сомонаи Оила. ТҶ мутолиа намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД