arzon replenishment
Муҳоҷирати меҳнатии осон, қонунӣ ва бехатар!
8917
Муҳоҷирати меҳнатии осон, қонунӣ ва бехатар!

Муҳоҷират ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, ҳамасола аз кишвари мо низ ҳазорон нафар одамон бо мақсади дарёфти ҷойи кору манбаи даромад ва беҳтар кардани шароити зиндагии худ ва аҳли оилаашон ба давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Мутаассифона, иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби надоштани иттилооти зарурӣ дар бораи муҳоҷирати қонунӣ дар пайдо кардани кор дар хориҷа душворӣ мекашанд, баъзан кор ёбанд ҳам, музди меҳнати худро гирифта наметавонанд, ба доми қаллобон меафтанд ва ё ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор шуда, ранҷу азоби зиёде мекашанд.

Барои пешгирии чунин хатарҳои муҳоҷират ҳар як шахсе, ки мехоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад, бояд дар бораи қоидаҳои муҳоҷират ба кишварҳои хориҷӣ маълумот дошта бошад.

Шумо нияти ба Русия, Британияи Кабир, Куриё, Туркия ё давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доред, вале роҳи пайдо кардани кор дар ин кишварҳоро намедонед? Пас, ҳатман ин навори видеоиро тамошо кунед!

Дар ролики мазкур маълумотҳои муфид дар бораи муҳоҷирати қонунӣ ба давлатҳои хориҷӣ гирд оварда шуда, пас аз тамошои он шумо метавонед ба осонӣ дар хориҷи кишвар барои худ кори муносиб ёбед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД