Arzon march 2024
аждаҳозан
3107


Фарҳодро сари дастурхон шинонда Боғигул шитобон ба хонаи хобаш даромаду ба сару тану рӯяш атру упо пошида, худро орову торо дода баромад.

Мағзу мавиз дар даст ҷавонзан нозу ишвакунон, худро ҷумбондаю тоб дода, ба хона даромад. Ҳар гоҳе, ки бо баҳонаи чойкашӣБоғигул сарашро хам мекард, анорҳои дамидааш аз чоки васеи гиребонаш намоён мегаштанду дили Фарҳод шуввӣкарда мерафт. Марди ҳамсояро натанҳо дидани анорҳои сафеди Боғигул, бӯи хуши баданаш низ масту махмур намуда буд, ки дилаш мисли яхпора об гардид. Боғигул ҳангоми берун шудан, ҳатто думбаи ғафсашро ҷумбон-ҷумбон намоишкорона роҳ мерафт.

-Ин зан дар дил чи ният дошта бошанд-а? Маро санҷидан мехоҳад ё ягон нияти дигар дорад. Аз ин ҷой зудтар дафъ шудан лозим –гуфта аз ҷой хевста рафтани шуд, ки Боғигул даст табақчаи тухмбирён ворид шуд: Куҷо хестед, ана ман омадам хӯрокро хуред, ана баъд чор тарафатон қибла –гӯён Анварро боз бо чашмакзаниву табассуми малеҳонааш ба нишастан водор сохт. Анвар дилу нодилон баҷояш нишасту ба хӯроки табақча даст дароз намуд.
Дар пиёла чой рехта доду шумо хурдан гиред бемалол ман ҳозир меоям-гуфта ҷониби ҳуҷраи хобаш равон шуд. Дар аввал расти хоб густурдар баъдан такпушии шабхобравиашро пушида, ки дастонаш пура, китфонаш то пистонҳояш аз зонуҳояш поин урён буд, боз атру упоро пошида рӯймоли сарашро кашида каме шона заду ҷониби хонае, ки Анвар нишаста буд равон шуд. Ба мисли наварӯсон нозу ишвакунон назди Анвар рафту меҳмонро дидани ин манзара ҳангу мангаш канд.
Ҳе-ҳе, янгамулло астағфируллоҳ гӯед, шайтонро ҳай кунед, -гӯён нимхезу нимшин аз дидани пайкараи сафеди ширмонанди Боғигул тамоми вуҷудаш мисли мум об гардид, беихтиёр даст ба гардани Боғигул ҳалқа намуда аз лабу даҳонаш беист бӯсидан гирифт. Аввал не не ву баъдан мисли ширеш часпидед-ку –ишвакунон сухан кард Боғигул. Анварро оғӯши гарму сафеди ҳамсоязан мисли ақлбохтаҳо намуд буд, ки наметавонист гуҷову чихел тани бадани Боғигулро бӯсида молад.
-Шумоён мардакони сангдилро бо чунин макр шефтаи худ насозам бо дишар роҳ мушкил аст»-гӯён ба сӯи хонаи хобашон кард. Анвари масти висол бо рӯйи дастонаш Боғигулро бардошта бурду оҳиста ҳалимона ба расти хоб гузошта девонавор ба кашидани либосҳояш шурӯъ намуда дар як дам лучу урён шуда Боғигул ба оғӯш кашида дунёву оламро батамоми ҳасти фаромӯш сохт. Лаҳзае баъд пас аз қарор гирифтани ҳисси шаҳвониашон Анвар осемасар ба пушидану фирор намудан шурӯъ намуд. Вале Боғигул аз банди дасташ дошта ваъдаи кай омаданашро пурсид Кадом вақте ки ту хоҳи, меоям гуфта банди шимаш дар даст тарки хона кард. Аз ҳамон вақт оғоз шуд хиёнату фасодкории Боғигул ба шавҳару фарзандаш. Чанд муддате нагузашта шавҳари Боғигул Шарифро ба басти шабона гузаронданд. Ин ба қавле табъи дили Боғигул шуд, ки минбаъд ҷаҳмандаш Анварро шабона даъват мекарду то субҳидам коми дил меситониданд. Ва кор то ҷое рафта расид, ки шумораи ҷаҳмандҳояш то даҳ нафар рафта расид, аммо хеҷ не ки ин зани имонсӯхта аз оғӯши мард сер шавад.


Шамьигул хонанишин буда, нияти ба ягон ҷо меҳмонӣ рафтан надоштааст. Хешовандонаш аз он дар ҳарос ҳастанд, ки мабодо бо вай ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад. 


Дар ин байн дар баробари Анвар Маҳмадхуҷа рақиб шуд. Шабе набуд, ки ин фосиқон дар гирди хонаи Шарифи «бечора» парвона нашаванд. Тавлиди писари дуюм ҳатто навгонист модари гумроҳро аз ин роҳ боз дорад. Тортаниву парвонашавӣдар гирди хонаи марди фақир аз тарафи ҷаҳмандҳои Боғигул идома дошт. Вале на ӯ на ҷаҳмандҳояш андешаи онро надоштанд, ки рӯзе ҷазо хоҳанд гирифт ва имони хеш аз даст хоҳан дод. Солҳо ноайён паси сар шуд. Боғигул боз писар тавлид кард. Вале худ намедонист, ки ин фарзандаш аз ки ҳаст ва надонист, ки рӯзе дастгир мешаваду бо се кӯдаки бегуноҳаш бева мегардад.
Кореро анҷомест
Шариф чун дар вақт дар басти шабона буду ҳамсараш Боғигул он шаб Маҳмадхуҷаро барои ҳамбистарӣдаъват сохт. Як нафар ҳамкори Шариф Боймурод мехост ӯро розӣкунонанд, ки имшаб ӯ дар навбати Шариф истаду фардо Шариф дар ҷойи ӯ. Барои он ки дар хонааш ким чихел маърака дошт. Шариф пас аз баҳсу мунозираҳои зиёд паси шаб ба хона омад. Дар аввал рафта дасту рӯй шусту пасон омада вориди ҳуҷраи хобаш шуд, аммо… манзараеро дид, ки гӯё ҳамон лаҳза осмон ба сараш фурӯ рехт, ҳамсари дӯстдоштааш модари се писараш бо ҳамдеҳааш Маҳмадхуҷа оғӯш ба оғӯши ҳам коми дил меситонанд. Чи хел фиғон зад, худ надонист. Аз ғояти фиғону дашномҳои ӯ модару писаронаш ва чанд тан ҳамсояҳо бедор шуданд. Пас аз лату кубҳои зиёд ҳамон лаҳза ҷавобшаро доду бо чашмони пурашк аз деҳа бадар шуд. То он рӯзе, ки Боғигул фарзандонаш бо кучу бандашон ин манзилро тарк сохтанд. Дилаш бо ҳоли се писари кӯчакаш месӯхт, аммо чорае надошт. Солее баъд боз хонадор шуд, боз соҳиби писаракону духтарчаҳои зеборӯяк шуд, аммо захми хиёнати ҳамсараш Боғигул дар қалбаш боқимонд. Модари пиру қоматхамидааш Барнохола аз ин амали зишти келин, хонавайронии писар ғамбемор гардиду дунёи фанду фиребро тарк кард. Боз чизи дигар. Онҳое, ки ба дари хонаи Шариф нигоҳи ҳаром духтанд беҷазо намонданд, агарчи аз ҳамсарҳояшон надидаанд, вале аз духтарҳову келинҳояшон ҷавоби ин шармандагиро боз пас гирифтанд. Вале дигар чи суд.


Мино умед дошт, ки Мирзо ӯро зани дуюм карда мегирад, аммо ошиқаш низ номардӣ карда, ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳою зор монда рафт.


Мазан дари кас, ки мезанад дарад ё он чизеро ба худ равон намедорӣ ба дигарон низ раво надор, ҳатто ба душманат низ. Агар марди ҳақиқӣ бошӣ.
Олими Ланг

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД